Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ бозбинии ҳукми Юсуф Солиҳовро талаб кард


Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст
Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳовро, ки ба гуноҳи даст доштан дар қатли 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо дар вилояти Хатлон ҳашт сол зиндонӣ шуда буд, "сабук" дониста, бозбинии онро талаб кардааст. Қарор рӯзи 9-уми апрел содир шуд.

Пештар, дар моҳи феврали имсол, Додгоҳи Бохтар Солиҳовро ба гуноҳи куштори гурӯҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввал ба 12 сол зиндон маҳкум карда, дертар бар асоси қонуни афви умумӣ (аз соли 1998) то ба ҳашт сол поин овард.

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, дар муроҷиате аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хоста буд, ки ҳукмро бозбинӣ ва муҳлати адои ҷазоро барои Юсуф Солиҳов сахттар кунад, чун "ҷазо номуносиб аст".

Қиёмиддин Абдуллоев, намояндаи хонаводаи ҷабрдидаҳо, ҳангоми баррасии қазия дар Додгоҳи олӣ ҳузур доштааст. Ӯ рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа бо ширкати се додрас, намояндаи Додситонии кул ва вакили мудофеи Юсуф Солиҳов гузашт.

"Додрас аз ман пурсид, ки чаро шикоят кардед? Гуфтам, Солиҳов бо гурӯҳи мусаллаҳ 22 узви хонаводаи мо, аз ҷумла 17 занро, ки чор нафарашон ҳомила буданд, куштанд. Ҷасадҳоро сӯзонданд, дороиҳои моро бурданд, вале Додгоҳ 8 сол зиндонӣ кард. Бо ин ҳукм розӣ нестем ва ҷазои сахттар талаб дорем," -- нақл кард Қиёмиддин Абдуллоев.

Ба қавли ӯ, Саид Салимзода, вакили мудофеи Юсуф Солиҳов, гуфтааст, ҳодиса соли 1992 рух дода, шикоят овардан баъди сӣ сол дуруст нест ва муҳлат ҳам барои баррасии он гузаштааст.

Кӯшиши мо барои суҳбат бо вакили мудофеи Солиҳов натиҷа надод.

Юсуф Солиҳов дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристода шуд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 4-уми июли соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфтаанд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.

XS
SM
MD
LG