Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии мусалмонони Русия ҳамларо ба “Крокус” маҳкум кард


Ҳамла ба "Крокус" шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд
Ҳамла ба "Крокус" шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд

Муфтии мусалмонони Русия ҳамлаи маргборро ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав маҳкум кард.

Ба гузориши ТАСС, Равил Ғайнуддин рӯзи 10-уми апрел хитоб ба намозгузорон гуфтааст, ҳамлагарони “Крокус” ба мардум азобу уқубат оварданд.

“Дар моҳи шарифи Рамазон мо, сокинони Русия ва ҷаҳониён, дар рӯзи ҷумъаи 22-юми март бо сабаби ҳамлаи террористӣ зарбаи сахт дидем. Он ноодамҳо ба амри Аллоҳ гӯш надода, балки ба гапи шайтон гӯш карданд, ки онҳоро ба куштани кӯдакон, падар ва модарҳо раҳнамоӣ кардааст.”

Вай афзудааст: “Бо ин террору кушторашон чӣ ба даст оварданд? Барои чунин як гуноҳи азим онҳо ҳам дар замин ва ҳам аз тарафи Худованд ҷазо мебинанд.”

Муфтии Русия аз волидон дар Русия талаб кардааст, ки дар бораи дар куҷо будани фарзандонашон, аз ёру ошнои онҳо огоҳ бошанд, то ба дасти ифротгароён наафтанд.

Масъулияти ҳамлаи мудҳиштаринро дар таърихи навини Русия, ки беш аз 140 кушта барҷой гузошт, гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар пайванд ба он 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудаанд. Бо ин вуҷуд, ки шубҳа дар одилона будани иттиҳому ҷараёни таҳқиқ зиёд аст ва боздоштшудаҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтанд, фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия якбора афзоиш ёфт.

Пештар ҳомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон дар Русия машварат дода буданд, ки дар рӯзи ид аз рафтан ба масҷид худдорӣ кунанд, чун хатари боздошту ҳуҷумҳои беасоси полис вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG