Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони номи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Италия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз расонаҳои Италия, аз ҷумла хабаргузории "ANSA", аз шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар ин кишвари аврупоӣ Илҳом Сайраҳмонзодаи 32-сола ном бурдаанд.

Пулиси Итолиё ӯро рӯзи 8-уми апрел бо иттиҳоми терроризм ва узвият дар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар фурудгоҳи Фиумичинои шаҳри Рум дастгир кард. Ӯ аз шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд омадааст.

Маттео Пиантедоси, вазири корҳои дохилии Италия, боздошти Сайраҳмонзодаро натиҷаи "амалиёти муҳим" номид, вале дар бораи чӣ гуна таъқиб шудани ӯ тафсилот надод.

Расонаҳо навиштаанд, ӯ ба ҷурми қочоқи силоҳ дар Украина маҳкум шуда, дар моҳи июли соли 2023 дар Белгия низ боздошт гардид, вале зуд раҳо ёфт.

Ба гузориши расонаҳои Италия, боздошти Илҳом Сайраҳмонзода бо дархости Тоҷикистон ва аз тарафи Интерпол сурат гирифтааст. Дар Душанбе вокуниш накарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта аз Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ дархост карда буд, ки дар боздошт ва ба Тоҷикистон супурдани садҳо нафар, ки ба Сурияву Ироқ рафта ба ДОИШ пайваста буданд, мадад кунад.

Пулиси Италия рӯзи 8-уми апрел видеоеро нашр кард, ки маъмурони амниятӣ ҷавонеро, ки симояшро нишон намедиҳанд, ба идораи пулис мебаранд.

Ба қавли мақомоти Италия, Илҳом Сайраҳмонзода соли 2014 ба сафи ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия пайваста, дар ин муддат дар ҳоли фирор буд ва аз санадҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Украина истифода кардааст.

Эҳтимол Сайраҳмонзодаро ба Тоҷикистон таслим кунанд.

Дар бештар аз ду ҳафтаи охир боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони тарҳрезии ҳамла ва ё пайравӣ аз гурӯҳи ДОИШ афзудааст.

Мақомоти Русия ба гумони даст доштан дар ҳамлаи маргбори моҳи март ба як толори консертӣ дар наздикии Маскав даҳ зодаи Тоҷикистонро ба ҳабс гирифтанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" пазируфт.

Аз ин пеш номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар се ҳамла дар қаламрави Эрон, омодагӣ ба даҳшатафканӣ дар Туркия, Олмон, Австрия ва Ҳолланд хабарсоз шуда буд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи марти имсол дар дидор бо рӯҳониён изҳор дошт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон "дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд".

XS
SM
MD
LG