Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд доир мегардад, тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷамъомади даҳрӯзаи таълимию тамринии тими миллии кишвар дар Тайланд ба ҳайати даста 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохиланд.
Футзалбозони тоҷик пеш аз Ҷоми Осиё дар Бангкок ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар маълум мешаванд.
Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Тайланд:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);
Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Шонздаҳ дастаи иштироккунандаи қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.
Таркиби гурӯҳҳо:
Гурӯҳи "А"
Тайланд
Ветнам
Мянмар
Чин
Гурӯҳи "В"
Узбекистан
Арабистони Саудӣ
Ироқ
Австралия
Гурӯҳи "С"
Ҷопон
Тоҷикистон
Кореяи Ҷанубӣ
Қирғизистон
Гурӯҳи "D"
Эрон
Кувайт
Баҳрайн
Афғонистон
Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.
Дар сурати ба чорякфинал роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "D" – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Гуфтугӯ