Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

​​​​​​​Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ 6-уми апрел бо се бозӣ шуруъ шуд. Мусобиқаи имсола бо иштироки 12 даста то 10-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дастаҳои «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Дар нахустин даври мусобиқа рӯзи шанбеи 6-уми апрел се бозӣ доир гардид. Рақобати дастаҳои “Барқчӣ” ва “Равшан”, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум Бахтиёр Зарипов, бозигари “Равшан”, кушод. Дарвоқеъ, ин голи аввалини мавсими имсола ба шумор меравад.

Панҷ голи дигар дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Голҳои “Равшан”-ро Нозим Бобоҷонов (дақиқаи 63-юм) ва Азизбек Султонов (89) ба самар расонданд. Се голи “Барқчӣ” ба Абубакр Сулаймонов (48), Абубакр Саидов (79) ва Шерзод Раҷабов (90+2) марбут аст.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа “Хуҷанд” дар майдони худ “Эсхата”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои “Хуҷанд”-ро Ҷасур Қурбонов (33) ва Артём Сердюк (80) заданд. Голи “Эсхата” ба Ҷаҳонгир Эргашев (62) мутааллиқ аст.

Бозии “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш”, ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат гирифт, бо пирӯзии футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Голҳоро дар нимаи дуюми бозӣ Шерзод Маҳамадиев (50) ва Эммануэл Квадво Фрипонг (61) ба нишон расонданд.

Ҳамин тариқ, дар даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” сеимтиёзӣ, “Барқчӣ” ва Равшан” якимтиёзӣ гирифтанд. “Эсхата” ва “Вахш” бошанд, бе имтиёз монданд.

Се бозии дигари даври аввали мусобиқаи лигаи олӣ 7-уми апрел миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Истаравшан», «Панҷшер» – КМВА

ва «Ҳосилот» – «Кӯктош» сурат мегирад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври якум

6-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Эсхата» - 2:1

«Барқчӣ» – «Равшан» - 3:3

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» - 2:0

7-уми апрел (якшанбе)

16:00 - «Истиқлол» – «Истаравшан»

16:00 - «Панҷшер» – КМВА

19:00 - «Ҳосилот» – «Кӯктош»

Тибқи низомнома мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Имсол низ ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, аммо дар як вақт то панҷ легионер ба майдон иҷозат дода мешавад.

Зимнан, дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки аз соли 1992 бори 33-юм доир шудааст, ҳамагӣ ҳашт даста қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

“Истиқлол” аз ҳама бештар – 12 бор – барандаи медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шудааст. Дарвоқеъ, “Истиқлол” даҳ соли охир пайиҳам ғолиб мешавад.

“Регар-ТадАЗ” ҳафт бор ғолиби ин мусобиқот гаштааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Варзоб”-и Душанбе себорӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Равшан”- Кӯлоб дуборӣ, инчунин “Динамо”-и Душанбе якборӣ қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG