Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

63 футболбози хориҷӣ дар дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон


Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ, ки аз 6-уми апрел то 10-уми ноябр бори 33-юм доир мегардад, 12 даста иштирок мекунад.

Инҳо дастаҳои «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) мебошанд.

Тибқи низомнома мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад. Имсол низ ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, аммо то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад.

Ба ҳайатҳои дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон 63 легионер ё футболбози хориҷӣ дохил шудаанд, ки намояндагони 17 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё мебошанд.

Танҳо як даста – “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки асоси тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аст, комилан аз ҳисоби футболбозони маҳаллӣ таркиб ёфтааст.

Дар байни кишварҳое, ки футболбозонашон дар мусобиқаи қаҳрамони Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, Гана дар мақоми аввал аст. Аз ин кишвари африқоӣ 15 бозигар ба ҳайати бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон шомиланд.

Аз Камерун 14 бозигар, Узбекистон - 13, Украина - 6, Булғористону Русия дунафарӣ барои иштирок дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон омадаанд.

Аз 11 кишвар – Босния ва Ҳерсеговин, Канада, Молдова, Нигерия, Сербия, Танзания, Туркманистон, Фаронса, Хорватия, Ҷопон ва Эрон – якнафарӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Инчунин аз 12 сармураббии дастаҳои лигаи олӣ се нафарашон хориҷианд: Никола Лазаревич аз Сербия (“Истиқлол”), Игор Суров аз Русия (“Эсхата”) ва Нӯъмон Ҳасанов аз Узбекистон (“Истаравшан”).

Дар 9 дастаи дигари лигаи олӣ мутахассисони маҳаллӣ ба ҳайси сармураббӣ кор мекунанд: Юсуф Рабиев (“Барқчӣ”), Тоҳирҷон Муъминов (“Вахш”), Шамсиддин Қосимов (КМВА), Ҳикмат Шарипов (“Кӯктош”), Боирҷон Эгамбердиев (“Панҷшер”), Аҳлиддин Турдиев (“Равшан”), Зайниддин Раҳимов (“Регар-ТадАЗ”), Рустам Хоҷаев (“Хуҷанд”), Алишер Тӯхтаев (“Ҳосилот”).

Коршиносони футбол аз сатҳи бозии легионерҳо дар кишвар чандон розӣ нестанд ва мегӯянд, бо маблағи кам имкон надорад бозигарони сатҳи баландро ҷалб кард.

“Феълан футболи тоҷик ба мутахассисону бозигарони хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Зимнан, сол то сол легионерҳо бештар ба Тоҷикистон меоянд ва имкон пайдо мешавад аз байнашон беҳтаринҳоро интихоб кунанд. Аммо легионер бояд аз бозигарони маҳаллӣ камаш ним сару гардан боло бошад", - иброз дошт мутахассиси соҳа Алимаҳмад Мирзоев ба Радиои Озодӣ.

Дар нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 дастаҳои зерин бо ҳам рӯбарӯ мешаванд:

6-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Эсхата»

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

«Барқчӣ» – «Равшан»

7-уми апрел (якшанбе)

«Ҳосилот» – «Кӯктош»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

«Панҷшер» – КМВА

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳои даври аввали мусобиқа соати 16:00 оғоз меёбанд.

XS
SM
MD
LG