Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заршӯйӣ дар Афғонистон. "Агар тило дошт, ҷудо карда мегирем, агар надошт, таваккалмон ба Худо"


Бозгашти Толибон ба қудрат ва бекор мондани афроди зиёде дар Афғонистон теъдоде аз сокинони Бадахшонро ба самти кори сахте бурдааст. Ба самти заршӯӣ, ки фоидаи зиёде дорад, ба шарте иқболи инсон баландӣ кунаду аз дили сангу кӯҳ тилло ба даст орад. Гузоришеро дар ин бора ҳамкорам Тоҳири Сафар тақдим мекунад.

Дар ноҳияи Яфтали Суфло дар вилояти Бадахшон даҳҳо мардоне, ки касбу корашонро аз даст додаанд, ҳамарӯза ба умеди ёфтани тило назди кон меоянд. Ва бо ин умед, ки меёбанду қарзҳояшонро мепардозанд, ҳатто агар бо қимати ҷонашон тамом шавад.

Кор дар инҷо осон ҳам нест, аммо касоне, ки инҷо меоянд, мегӯянд, чораи дигаре надоранд. Ҳама корро дастӣ ва ба сурати ғайрикасбӣ анҷом медиҳанд. Шикофтани дили сангҳо гоҳо рӯзҳо тӯл мекашад, гоҳо вақти андак. Баъди берун овардани сангҳо аз даруни нақбу ғорҳо, кори дигаре оғоз мешавад. Шикастани сангҳо. Ба ин умед, ки аз миёнашон тилло ба даст ояд. Қодирҷон дар гузашта кори дигаре дошт, ҳоло инҷо тилло меҷӯяд.

“Агар тилло ёфтем, хуб, агар не аз мардум қарздор”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Қодирхон мегӯяд, “ин сангҳоро мебарем, осиёб. Осиёб мекунем, мисли орди тармайда барин. Боз инро мешӯем. Мешӯем, агар (тило) дошт ҷудо карда мегирем, агар надошт, таваккалмон ба Худо. Қарздори мардум.”

Акнун дар осиёб чӣ мегузарад? Сангҳоро инҷо овардаанд, то марҳилаи дигари корро анҷом диҳанд. Соатҳо мегирад, то сангҳо ба рег табдил шаванд. Марҳилаи баъдӣ шустани рег аст. Обро рӯи намадҳо ҷорӣ мекунанд ва агар зарраҳои тилло буд, дар намад мемонад. Обро ҳам бодиққат меполанд, то зари боқимондаро бигиранд.

Бисёриҳо барои моҳҳо инҷо кор кардаанд, аммо ҳеч чизе ба даст наовардаанд.

Як марди заршӯй мегӯяд: “Ҳеч чизе пайдо накардем. Сарнахашро то ҳанӯз ба даст наовардем. Масраф кардему то ҳанӯз наёфтем.

Дар Бадахшони Афғонистон ҳам ин корро заршӯӣ меноманд. Ҳоло регу об зиёд аст, аммо дигар аз зар хабаре несту монанди Ҳумоюну Қодирхон даҳҳо каси дигар бо гирифтани қарз то ҳанӯз дунболи тило ҳастанд ва мегӯянд, рӯзе шояд бахт ба рӯи онҳо механдад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG