Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Патент дорӣ ё надорӣ, боздошт ва ихроҷ мекунанд"


Маскав, 27-уми апрели соли 2024
Маскав, 27-уми апрели соли 2024

"Бародарон, эҳтиёт кунед, бо либоси ғайринизомӣ амалиёт мегузаронанд. Патент дорӣ ё надорӣ, ихроҷ мекунанд." Ин паёми муҳоҷири тоҷик аз як шуъбаи пулиси Русия аст. Ба далели амниятӣ ному насаби ӯ ва ҷойи нигаҳдорияш зикр намешавад.

Вай дар наворе гуфтааст, "ҳамаи ҳуҷҷат ҳаст, боз ҳам маҳкам мекунанд. Як бародар ду рӯз боз хоб аст, 50 ҳазор рубл хостаанд. Пулро дод, аммо ҳанӯз ҷавоб надодаанд. Аз шаҳрвандони Қирғизистон ва Қазоқистон дида, тоҷиконро бисёр азоб медиҳанд. Занҳо низ ҳастанд."

Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон мегӯянд, баъди ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав (22-юми март) бархӯрди мақомоти Русия бо онҳо тағйир ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳодиса 9 зодаи Тоҷикистонро ба ҳабс гирифтаанд. Ҳарчанд суолу шубҳаҳо ба дурустии иттиҳоми эълоншуда боқист, ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ ба ин ва боздошту ихроҷи гурӯҳии муҳоҷирони кории тоҷик вокуниш накард.

Як муҳоҷири дигари тоҷик, ки ба далели амниятӣ ному насаби ӯ ва ҷойи будубошаш зикр намешавад, бо фиристодани навор аз Русия гуфт: "Баъзе аз бачаҳо, ду, се ва ҳатто чор рӯз ба кор набаромаданд. Дар кӯчаҳо манъ мекунанд, ҳуҷҷат мепурсанд ва суол медиҳанд, ки аз куҷо ва аз кадом шаҳр ҳастӣ, миллатат чист. Ман таксӣ меронам. Тоҷик мегӯӣ, тамоми мошинро кофтуков мекунанд. Дар як ҳафта ду бор мошини маро кофтуков карданд."

Ин муҳоҷир афзуд дар вилояти Маскав дар наздикии шаҳре, ки ҳамлаи маргбор рӯй дод, зиндагӣ мекунад ва дар он ҷо теъдоди тоҷикон камтар шудааст.

"Хона ба хона гаштанд. Бачаҳоро барои он ки ҷойи зисташон дигар ва ҷойи номнавис кардаашон дигар буд, депортатсия карданд. Кадомеро, ки ҷойи кор, патенташон дар Маскав буд, вале дар вилояти Маскав кор мекарданд, дошта бурданд. Дар Красногорск қариб тоҷик намондааст. Онҳое, ки корти иқомат ё шаҳрвандӣ доранд, мондаанд," – илова кард ӯ.

Муҳоҷиронро аз Санкт-Петербург ва гӯшаҳои дигари Русия ҳам даста-даста берун мекунанд. Мақомот ин амалиётро "Нелегал" номидаанд. Рӯзномаи "Новая" менависад, дар ин рейдҳо ба ҷуз аз пулис, маъмурони хадамоти муҳоҷират, пулиси роҳ ва иҷрочиёни суд ҷалб шудаанд.

Ҳолат дар фурудгоҳи "Домодедово" ва дар маркази "Сахарово" ҳам оддӣ нест. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳар саҳар дар назди анборҳои "Озон" ва "Вилдберри"-и Санкт-Петербург, пулис ва иҷрочиёни суд навбатдорӣ мекунанд. Пулис дар бозору хобгоҳҳо ва манзилҳое, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ номнавис шудаанд, рейд мегузаронад.

Дар ин миён Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон, ба расонаҳои Русия гуфтааст, мақомоти кишвар бозгашти зиёди муҳоҷиронро сабт кардаанд. “Зангҳо зиёданд. Бисёриҳо мехоҳанд Русияро тарк кунанд," – афзудааст ӯ.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун даҳ нафари онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.
XS
SM
MD
LG