Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба “Крокус” ба 143 кас расид


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯйхати нави ҷонбохтагони ҳамлаи рӯзи 22-юми мартро дар "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав нашр кард. Дар он номи 143 кас зикр шудааст. Пештар ин вазорат аз 140 кушта хабар дода буд.

Вазорат ҳоло нагуфтааст, ки 3 кушташудаи нав аз ҳисоби маҷруҳон ҳастанд ва ё ҷасадҳои нави ёфтшуда дар ҷои ҳодиса.

Ҳамзамон вазорат гуфтааст, ки ин рӯйхат ниҳоӣ нест ва бо назардошти "иттилои пажуҳиши додгоҳиву тиббӣ" такмил хоҳад шуд.

Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия пештар гуфт, 76 захмӣ ҳанӯз дар бемористон ҳастанд. Вазъи чаҳор нафари онҳо “ниҳоят вазнин” арзёбӣ мешавад.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шаби 22-юми март рӯй дод.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.

Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, як нафар аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG