Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модар, бародар ва ҳамсарашро бурданд." Бозпурсии наздикони гумонбарон дар Тоҷикистон


Манзили наздикони Саидакрам Раҷабализода
Манзили наздикони Саидакрам Раҷабализода

Мақомоти Тоҷикистон пайвандони гумонбарони ҳамла ба маркази мусиқии "Крокус Сити Ҳолл"-ро дар наздикии Маскав ба бозпурсӣ бурдаанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзҳои 25 ва 26-уми март ба хонаи камаш се нафари онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат рафта, аммо волидон ва ҳамсари онҳоро наёфтанд.

Дар хонаи Саидакрам Раҷабализода дар шаҳри Ваҳдат шоми 25-уми март танҳо яке аз бастагонаш истода буд. Ӯ бе зикри ном гуфт, пас аз ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл" мақомоти қудратии Тоҷикистон "модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро барои бозпурсӣ ба Душанбе бурданд." Падараш солҳо пеш фавтида будааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ хостанд, ки дар бораи ӯ ва зиндагиву рафтораш дар гузашта аз ҳамсояҳо ё раиси маҳалла маълумот бигиранд. Баъзе аз сокинон бо баҳонаи он ки ӯро "намедонанд" ё "намешиносанд", аз суҳбат худдорӣ варзиданд.

Раиси маҳалларо пайдо накардем. Яке аз сокинон гуфт, "ӯро ҳам мақомот барои суолу ҷавоб бурда буданд." Мақомот барои шарҳи масъала дастрас нестанд.

Волидону ҳамсари гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин низ рӯзи 25-уми март дар хонаашон дар шаҳри Ҳисор набуданд. Яке аз хешовандонаш бидуни зикри ном гуфт, ки "ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд."

Ҳамин вазъ бо пайвандони Муҳаммадсобир Файзов дар Душанбе рӯй додааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои як манбаи огоҳ ҳайати муфаттишон аз Русия барои суолу ҷавоб бо наздикони гумонбарон ба Тоҷикистон омадаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳарф намезананд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми март даст доштани се гумонбарро дар ҳамлаи “Крокус” рад карда буд, дар бораи боздоштшудаҳои дигар аслан иттилоъ намедиҳад.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шаби 22-юми март рӯй дод. Ба иттилои мақомоти Русия дар ин ҳодиса 139 нафар кушта ва тақрибан дусад кас захмӣ шудаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.

То кунун дар бораи боздошти 11 кас гузориш расидааст. Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафари онҳоро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ба иттилои додгоҳ гуё ба гуноҳ иқрор кардаанд, вале суолҳо дар бораи дар мавриди то куҷо тарроҳи ҳамла будани онҳо, осори латукӯб дар чеҳраҳояшон ва баъзе зидду нақизиҳо дар маълумоти мақомоти Русия ҳамчунон боқист.

XS
SM
MD
LG