Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Русия. Путин дигарбора президент мешавад, ё не?


Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия идома дорад. Овоздиҳӣ аз имрӯз 15-уми март оғоз шуда, то 17 март давом меёбад. Интизор меравад, дар ин маъракаи сиёсӣ, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз шавад ва 6 соли дигар раҳбари Русия бимонад.

Дар Тоҷикистон ҳам ки ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Русия зиндагӣ мекунанд, раъйдиҳӣ рӯзи 17-уми март дар Душанбе ва Хуҷанд сурат мегирад. Ҷузъиёти бештар дар гузориши ҳамкорам Тоҳири Сафар.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия бе рақобати ҷиддӣ сурат мегирад, зеро мақомот ягон нафар аз номзадҳои ҷиддӣ ва рақиби эҳтимолӣ барои Владимир Путинро ба ин корзори сиёсӣ роҳ надоданд. Аз тарафи дигар саркӯби бераҳмонаи дигарандешон ва матбуоти мустақил дар Русия ҳамчунон идома дорад.

Владимир Путин дигарбора президент мешавад, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Интихобот, ки онро одилонаву шаффоф намешуморанд, аввалин интихоботи бузург дар Русия ва баъд аз таҷовузи ин кишвар ба хоки Украина аст, ки соли 2022 оғоз ёфт. Нахустин қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Чукотка ва Камчатка боз шуд.

Дар маҷмуъ Комисияи интихоботӣ беш аз 112 млн нафар мардуми бархурдор аз ҳаққи раъйро дар дохил ва хориҷ аз Русия сабти ном кардааст. Интихобот дар нимҷазираи Қрим ва ҳудудҳои дигари ғасбшудаи Украина - вилоятҳои Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон баргузор мешавад.

Дар баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия чаҳор номзад сабт шудааст: Владимир Путин, Владислав Даванков аз ҳизби "Одамони нав",

Леонид Слутский аз Ҳизби Либерал демократ ва Николай Харитонов аз Ҳизби коммунисти Русия.

Борис Надеждин, як сиёсатмадори зидди ҷанг дар Украинаро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ сабти ном накарданд, зеро ба гуфтаи Кумиссиёни интихоботӣ дар ҷамъоварии имзои мардум ба хато роҳ додааст.

Мухолифони ҳукумати Русия аз шаҳрвандон даъват карданд, ки ба истинои Путин бар ҳар номзади дигар раъй диҳанд ва баргаҳои раъйро хароб кунанд.

Владимир Путин, ки аз соли 2000 сари қудрат аст, як бор нахуствазир буд ва бештар аз 20 сол аст, раиси ҷумҳури аз назари масоҳат бузургтарин кишвари дунёст. Кишваре, ки Путин онро аз роҳи демократия берун кард ва ба як мамлакати миллатгарову ҷангҷӯ табдил дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG