Тибқи ин феҳрист 10 варзишгари тоҷик ба қатори 50 ҷудокори беҳтарини ҷаҳон дохил шуданд, 6 нафари онҳо дар ҳамин ҳол ба рӯйхати варзишгароне, ки меъёрҳои олимпиро иҷро кардаанд, шомиланд.
Агар онҳо мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ то 23-юми июни соли 2024 аз даст надиҳанд, дасти кам панҷ нафарашон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 мешаванд.
Дарвоқеъ, аз ду варзишгари як кишвар, ки дар як вазн меъёрҳои олимпиро иҷро мекунанд, бар асоси муқаррарот танҳо як нафари онҳо дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов, ки ба иллати табобати ҷароҳаташ дар мусобиқоти имсола иштирок накардааст, мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошта натавонист.
Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5895 имтиёз дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор дорад.
Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 4041 имтиёз ҷойи 7-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 2880 имтиёз ҷойи 13-умро касб кардааст.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 3718 имтиёз ҷойи 9-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3235 имтиёз ҷойи 8-умро гирифтааст.
Комроншоҳи Устопириён дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 3010 имтиёз ҷойи 19-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 2446 имтиёз ҷои 19-умро ишғол мекунад.
Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3288 имтиёз дар ҷойи 14-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3163 имтиёз дар ҷойи 9-ум аст.
Дар вазни то 66 кило, инчунин, Обид Ҷебов дар радабандии ҷаҳонӣ бо 2188 имтиёз дар ҷойи 27-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 1997 имтиёз дар ҷойи 24-ум мебошад.
Мавқеи варзишгарон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо:
-60 кг
1. Франсиско Гарригос (Испания) – 5999 имтиёз.
2. Рюдзю Нагаяма (Ҷопон) – 5280.
3. Ҳарим Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 4986.
…41. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон) – 1221.
…47. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон) – 1075.
-66 кг
1. Денис Виеру (Молдова) – 6162.
2. Ёндонпэрэнлэйн Басху (Муғулистон) – 5514.
3. Ҳифуми Абе (Ҷопон) – 4500.
…14. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон)– 3288 (дар радабандии олимпӣ бо 3163 имтиёз дар ҷойи 9-ум)
…27. Обид Ҷебов (Тоҷикистон) – 2188 (дар радабандии олимпӣ бо 1997 имтиёз дар ҷойи 24-ум)
-73 кг
1. Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) – 6773.
2. Мануэл Ломбардо (Италия) - 5580
3. Соичи Ҳошимото (Ҷопон) – 5190.
…9. Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон) - 3718 (дар радабандии олимпӣ бо 3235 имтиёз дар ҷойи 8-ум)
...45. Абубакр Шеров (Тоҷикистон) – 1185.
-81 кг
1. Маттиас Кассе (Белгия) – 8855.
2. Тато Григалашвили (Гурҷистон) – 6665.
3. Ҷун Ҳван Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5280.
…7. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистонн) – 4041 (дар радабандии олимпӣ бо 2880 имтиёз дар ҷойи 13-ум)
…36. Шодмон Ризоев (Тоҷикистон) – 1536.
-90 кг
1. Лука Майсурадзе (Гурҷистон) – 6816.
2. Лаша Бекаури (Гурҷистон) – 5495.
3. Кристиан Тот (Маҷористон) – 5021.
…19. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) – 3010 (дар радабандии олимпӣ бо 2446 имтиёз дар ҷойи 19-ум)
-100 кг
1. Иля Суламанидзе (Гурҷистон) – 7048.
2. Зелим Котсоев (Озарбойҷон) – 5600.
3. Музаффарбек Тӯрабоев (Узбекистон – 5064.
+ 100 кг
1. Инал Тасоев (Русия) – 6200.
2. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – 5895 (дар радабандии олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи 4-ум)
3. Энди Гранда (Куба) – 4769.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), роҳхатҳо ба Олимпиадаи Порис-2024 тибқи радабандии ҷаҳонии ҷудо бар асоси натоиҷи давраи интихобии олимпӣ тақсим мешаванд.
Яъне, мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо, ки аз 24-уми июни соли 2022 то 23-юми июни соли 2024 доир мегарданд, ба тақсимоти ниҳоии квотаҳо таъсир мерасонанд.
Шумораи умумии ҷудокорон аз як Кумитаи миллии олимпӣ, ки метавонанд соҳиби роҳхати олимпии Порис-2024 шаванд, 14 нафарро ташкил медиҳад (якнафарӣ дар ҳар як вазн).