Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони кишвар зери роҳбарии Марко Раҷини ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Ин мутахассиси итолиёвӣ фаъолияти мураббигии худро дар кишвари аврупоии Сан-Марино оғоз кардааст. Вай тӯли солҳои зиёд ба ситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва тими асосии Сан-Марино дохил буд.
Раҷини чанд сол дар Швейтсария кор карда, ёвари сармураббии бошгоҳҳои «Киассо» ва «Беллинтсон» буд, инчунин тими «Локарно»-ро роҳбарӣ кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар дастаҳои футболи Литва, Конго, Нигерия, Муғулистон ва Малайзия таҷрибаи корӣ дорад.
Аз соли гузашта Марко Раҷини ба ҳайси мудири техникӣ ё фаннии Академияи бошгоҳи «Ювентус» дар Душанбе ва мушовири раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон адои вазифа мекунад.
Ҳамзамон мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) таъйин шудааст.
Ӯ дастаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Костич қаблан сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ӯ ҳамчунин бошгоҳҳои «Срвена Звезда» (Сербия), «Железничар» (Босния ва Ҳерсеговин), «Ахарнаикос», «Ираклис», «Трикала» (ҳама аз Юнон), «Люфтетари» (Албания) ва «Сент-Трюден» (Белгия)-ро роҳбарӣ кардааст.
Милош Костич дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «Pro»-и УЕФА мебошад.
Зимнан, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» дар Тошканд бо касби чаҳор имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ бенасиб монд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) низ зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» дар Тайланд як хол ба даст оварда, дар зинаи сеюми ҷадвал ҷойгир шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдӣ маҳрум гашт.