Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани шинохта Баҳодур Усмонов ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифт


Баҳодур Усмонов, варзишгарони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид.

Баҳодур Усмонов, ки дар даври сеюми мусобиқа бар Эрисланди Алварес аз Куба дастболо шуд, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ 11-уми март бо намояндаи Ҷопон Нишияма Шион рақобат кард.

Муштзани тоҷик бо қарори доварон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, роҳхати Бозиҳои Олимпии Порис-2024-ро дар вазни то 63,5 кило ба даст овард. Зимнан, ин роҳхати сеюми варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи имсола мебошад.

Вале муштзани дигари тоҷик Асрор Воҳидов шаби 11-уми март дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 57 кило аз Собирхон Маҳмуди қазоқистонӣ бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда, аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд.

Асрор Воҳидов дар даври ҳаштякниҳоӣ ба Умед Рустамов аз Озарбойҷон бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда буд.

Дар ин мусобиқаи интихобӣ дар Италия 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 кишвар, инчунин дастаи паноҳандагон, иштирок доштанд.

Муштзанҳо барои 49 роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 аз рӯи 13 вазн (7 вазн миёни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн миёни занон – 21 роҳхат) талош карданд.

Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни то 57 кг (2 роҳхат) ва то 60 кг (3 роҳхат) байни занон, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ ҳафт муштзан дохил буд: Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Меҳрон Шафиев (-51 кг), Асрор Воҳидов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Шаҳобҷон Шукуров (-71 кг), Шаббос Неъматуллоев (-80 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).

Аз байни онҳо танҳо Баҳодур Усмонов, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид.

Дуюмин ва охирин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс моҳи май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор хоҳад шуд.

Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса доир мегардад.

Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло се роҳхат гирифтаанд, ки ба риштаи бокс марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG