Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, дар бораи Кубатбек Юлдошев ҳамаи маълумотро ҷамъ овард.
Вакили порлумони Қирғизистон Султонбой Айҷигитов рӯзи 7-уми март дар бораи зиндонӣ шудани Юлдошев хабар дод ва аз мақомоти Қирғизистон хост, барои озодии ӯ мадад расонанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, намояндагиҳои дипломатӣ бо модар ва пайвандони дигари Юлдошев робита доранд.
"Дар бораи интиқол ёфтани ӯ ба Қирғизистон сафорат бо мақомоти масъули Тоҷикистон гуфтугӯ дорад," -- хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Бино ба иттилои мавҷуда, шаҳрванди 36-солаи Қирғизистон Кубатбек Юлдошев 20-уми январи соли 2023 бо айби ҷосусӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудааст.