Соли 2014 ин созишномаро аз номи Афғонистон мақомоти ҳукумати Ҳамид Карзай имзо карда буданд.
Дар хабари Ому.ТВ, аз ҷумла, омадааст, ки рӯзи шанбе Толибон эълон карданд, ки созишномаи иҷрои тарҳи “хатти баландшиддати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ”-ро, ки бо исми мухтасари CASA-1000 маъруф аст, имзо намуданд.
Шоми шанбе дар саҳифааш дар Х сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид ҳам хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, Толибон тарҳи CASA-1000-ро бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ аз сар мегиранд. "Афғонистон Интернешинал" бо такя ба ширкати миллии энержии Афғонистон гуфт, маросими имзои ин созишнома 8 март дар Истамбул бо иштироки мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд.
Маълум нест Тоҷикистонро, ки мегӯяд, ҳукумати Толибонро эътироф намекунад, вале фурӯши барқро ба Афғонистон ҳамоно идома медиҳад, дар ин маросим кӣ иштирок кардааст.
Душанбе як ҷониби муҳими ин тарҳ дониста мешавад, ки бояд нақши содиркунандаи барқро иҷро кунад. Феълан назари мақомоти Душанбе ба ин хабар маълум нест.
Дар Тоҷикистон дар давоми як ҳафтаи аввали моҳи марти имсол ду оилаи иборат аз 9 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдаки то 15-сола дар паи мушкили вобаста ба набуди барқу гармӣ дар ҷогаҳи хоб ҷон доданд.
Ба назар мерасад, ки тарҳи деринтизор ва стратегии пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубиву ғарб зинда мешавад ва Толибоне, ки дар гузашта чун нирӯи мухолифи ҳукумати пешин як манбаи ноамнӣ ва хатар ба ин тарҳ дониста мешуданд, акнун ҷониби иҷрокунандаи он хоҳанд буд.
Тарҳе, ки иҷрояш аз соли 2014 ба ин тараф баҳонаи ташкили ҷаласаҳои зиёду маблағгзуории Бонки ҷаҳонӣ шудааст, то ҳол дар худи Афғонистон танҳо 18 дарсад иҷро шудааст.
Бонки ҷаҳонӣ азсаргирии тарҳро эълон кард
Бонки ҷаҳонӣ моҳи феврал бо нашри изҳороте гуфт, иҷрои тарҳи CASA-1000 дар Афғонистон бо дархости се кишвари минтақа шурӯъ мешавад. Ин тарҳ дар ҳаҷми 1,2 миллиард доллар харҷ дошта, маблағгузории онро БҶ ба ӯҳда гирифтааст.
Сохтмони қисмати ин тарҳ дар ҳудудҳои минтақа тақрибан анҷом шудааст ва акнун навбати Кобул аст, ки дар қаламрави Афғонистон ин тарҳро ба субут расонад. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки идомаи сохтмони тарҳи CASA-1000 аз моҳи апрел шурӯъ мешавад. Ин тарҳ бо омадани Толибон ба қудрат соли 2021 боздошта шуда буд.
Дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон сохтмони инфрасохтори зарурӣ барои фаъолшавии ин тарҳ тақрибан ба сомон расидаанд, мегӯяд Бонки Ҷаҳонӣ.
Моҳҳои охир даъватҳо ба азсаргирии кор дар тарҳи CASA-1000 дар Душанбе ҳам садо додаанд.
Моҳи ноябри соли 2023 Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бо маблағгузории иловагии 21 миллион доллар ба ҳайси грант ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони ҳиссаи ин кишвар дар ин тарҳ розӣ шуд. Ҳадафи ниҳоӣ ин аст, ки нирӯгоҳҳои барқии минтақа ба ҳам пайваст шуда, нирӯи барқи истеҳсолшавандаи зиёдатӣ дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дода мешавад.
Дар натиҷа, ба қавли ин кишварҳо тиҷорати нирӯи барқ миёни Осиёҳои Марказию Ҷанубӣ афзоиш ёфта манфиатҳои иқтисодии кишварҳоро таъмин мекунад.
Ҳадафҳои бузург, вале...
3 декабр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар мулоқоташ бо президенти гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга “ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқ “CASA-1000”, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид кардааст”.
Дар ин бора поёни соли 2023 ӯ дар паёмаш ба парлумон ҳам ёдовар шуд ва супориш дод, ки "барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт-соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.
Маълум нест оё дар сурати ба кор андохта шудани тарҳи азими минтақавӣ вазъи бе ин ҳам бӯҳронии мардум дар Тоҷикистон аз назари таъминот бо барқ чӣ мешавад.
Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки дар сармои зимистон, бахусус, соли ҷорӣ дар тамоми кишвар, ва соли 2024 дар пойтахт - шаҳри Душанбе ҳам маҳдудияти барқ ҷорӣ шуд ва як сабабашро мунаққидон дар фурӯши он ба хориҷа ба хотири даромади афроди наздик ба ҳукумат номиданд.
Дар Тоҷикистон дар давоми як ҳафтаи аввали моҳи марти имсол ду оилаи иборат аз 9 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдаки то 15-сола дар паи мушкили вобаста ба набуди барқу гармӣ дар ҷогаҳи хоб ҷон доданд.