Маркази мониторинги сейсмикӣ ва пешгӯии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод, ки дар як рӯз дар қаламрави ин кишвар ду заминларза сабт шудааст.
Маркази заминларзаи аввал, ки рӯзи 7 март, соати 00:33 ба вақти маҳаллӣ рух дод, ноҳияи Миришкори вилояти Қашқадарёи Узбекистон гуфта мешавад.
Иқтидори заминларза дар ноҳияҳои Қашқадарё аз 2 то 3 дараҷаро ташкил додааст.
Вилояти Бухорои Узбекистонро низ дар ҳамин соат заминларзаи дудараҷаӣ такон додааст.