Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири энергетикаи Тоҷикистонро аз мансаб гирифтаанд


Сорбон Холмуҳаммадзода
Сорбон Холмуҳаммадзода

Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистонро аз мақом озод кардаанд.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 4-уми марти имсол содир шуд.

Дафтари матбуоти президент дар эъломияе гуфт, "ӯ ба кори дигар гузашт", аммо мансаби навашро эълон накард.

Сорбон Холмуҳаммадзода ҳамагӣ якуним сол пеш ба ин мансаб таъйин шуда буд.

Номзади илм аст ва рисолаашро дар мавзӯи "Беҳтар кардани реҷаи кори иншооти гирдроэнергетикӣ дар мисоли "Роғун" ва "Норак" ҳимоя кардааст.

Барканории муовини вазири энергетика дар пасманзари сармо ва бебарқии як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар ин рӯзҳо ба сабаби заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар шаҳри Душанбе 6 узви як оила, аз ҷумла чор кӯдак ҷон бохтанд.

Пештар навбатдори Шабакаҳои тақсими барқ чанд дафъа гуфта буд, ки дастур гирифтаанд, бонавбат интиқоли барқро дар минтақаҳои пойтахт қатъ кунанд.

Парвиз Қутбиддинзода, масъули Шабакаҳои тақсими барқи пойтахт дар телевизиони давлатии “Душанбе”, ҷорӣ шудани ҳама гуна лимит ё маҳдудияти барқро дар маркази Тоҷикистон рад кард.

Масъули идораи барқи Душанбе ҳамчунин гуфт, қатъи сартосарии барқ дар рӯзи 1-уми март, ки тақрибан ду соат идома кард, ба садама дар хатҳои баландшиддат рабт дошт, аммо тафсилот надод.

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир аст, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Вазири энергетика Далер Ҷумъа дар моҳи феврали имсол камбуди барқро ба рушди иқтисоду афзоиши аҳолӣ рабт дод, вале сокинону коршиносон онро натиҷаи содироташ ба хориҷа ва мудирияти нодуруст медонанд.

XS
SM
MD
LG