Ҳодиса зуҳри 2-юми март дар кӯчаи Хайрулло Мирзоеви ноҳияи Шоҳмансур рух додааст. Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби сӯхтор оташ гирифтани сими барқ будааст.
Манобеи огоҳ аз ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар вақти оташ гирифтани хона, Зуҳро, Фотима ва Абдураҳим дар дохили хона буданд ва аз дуд заҳролуд шуда, фавтиданд. Онҳо як, ду ва сесола будаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ 2-юми март ба ҷойи ҳодиса рафт, аммо наздикони кӯдакони фавтида нахостанд суҳбат кунанд. Як ҳамсояи ин хонавода, ки шоҳиди ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор тақрибан соати 11 сар зад ва кӯдакон дар дохили хона буданд.
“Дар вақти сӯхтор дари хона маҳкам будааст ва барои ҳамин кӯдаконро сари вақт бароварда натавонистем. Онҳо аз дуд заҳролуд шуда буданд ва баъди аз хона баровардан фавран ба Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бурдем. Аммо онҳо аллакай фавтида буданд,”- афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Аммо як хешованди ин кӯдакон маҳкам будани дари хонаро рад карда гуфт, онҳо дар вақти сӯхтор дар хона хоб буданд.
Як пизишки Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе ҳам тасдиқ кард, ки кӯдакони фавтидаро барои ташхис ба инҷо оварданд. Кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар ҷойи ҳодиса ва ҳам дар беморхона буданд, аммо сӯҳбат накарданд. Вазорати корҳои дохилӣ, ки идораи сӯхторнишонӣ зертобеи он аст, то ҳол қазияро расман шарҳ надодааст.
Ҳафтаи равон ин дуюмин фоҷиа дар Душанбе аст, ки кӯдакон қурбон мешаванд. Шаби 27 ба 28-уми феврал шаш узви як хонавода дар маҳаллаи “Гравзавод”-и шаҳри Душанбе заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.
Мақомот гуфтанд, Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзанди хурдсолаш аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Ин ҳодисаҳо дар рӯзҳое иттифоқ меафтад, ки дар Тоҷикистон аз ҷумла шаҳри Душанбе сардӣ ҳукмфармост ва сокинон аз қатъ шудани барқ, об ва гармӣ шикоят доранд.
Гуфтугӯ