Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW, дар шабакаи иҷтимоии "Х" (Твиттер) навишт, ки созмон аз баррасии тарҳи қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" ва боздошти 11 рӯзноманигори пешину ҳозира тарҳи "Темиров LIVE" ҳам ташвиш дорад.
HRW қаблан аз вакилони порлумони Қирғизистон даъват карда буд, ки тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул накунанд. Қатъи таъқиби рӯзноманигорон аз хостҳои дигари созмон буд.
Ба назари масъулони созмон, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.
Мақомоти Қирғизистон танҳо дар моҳи феврал ду рӯзноманигор - Батмакан Жолболдуева ва Эрмек Аттокуровро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд. Пештар дар моҳи январи имсол якбора 11 рӯзноманигори қирғизистонӣ ҳабс шуда буд.