Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадина аз Тоҷикистон рафт, то ба футболи Амрико роҳ ёбад


Мадина Фозилова.
Мадина Фозилова.

Як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, талош дорад ба яке аз тимҳои футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомил шавад. Мадина Фозилова, капитани дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон аст. Ӯ 28 сол сол дорад ва аз ин 17 солашро дар футбол сипарӣ кардааст.

Мадина замоне, ки ҳамагӣ 11 сол дошт шомили дастаи “Ласточка”-и Душанбе шуд. "Дар ёдам ҳаст, аввалин боре, ки ба варзишгоҳ рафтам, бисёр кушиш мекардам, ки дар байни духтаракон аз ҳама хубтар бозӣ кунам",-ба ёд меорад ин футболбоз.

Мадина Фозилова соли 2014 дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, хонаводааш барои комёб шуданаш дар футбол ба ӯ кумак мекарданд. Ин буд, ки Мадина ба дастаи мунтахаби футболи духтаронаи Тоҷикистон роҳ ёфт ва капитан ё сарвони даста шуд.

Аммо қаҳрамони гузориши мо мехоҳад, акнун корномаи варзишиашро дар он он сӯи уқёнус, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳад. Мадина Фозилова ҳоло дар ИМА аст ва аз чанд тими футболи бонувони ин кишвар пешниҳоди ҳамкорӣ гирифтааст.

"Мехоҳам ба яке аз ин тимҳое, ки ба ман пешниҳод кардаанд, шомил шавам. Дар мавсими соли 2024 касбамро дар инҷо давом диҳам, маҳорати хуб нишон диҳам ва таҷрибаи худро зиёдтар кунам",-мегӯяд Мадина Фозилова.

Саргузашти як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, ки ба Амрико рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Дар сурати ҳамкорӣ бо яке аз тимҳои ИМА ҳам Мадина Фозилова ҳамчунон метавонад дар ҳайати мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон баромад кунад.

"Баъзе волидайн духтарони худро ба футбол намемонанд"

Ба иттилои Федератсияи футбол, дар Тоҷикистон 60 дастаи футболи занона амал мекунад. Аммо натиҷаҳои духтарони футболбоз мисли мардон чандон назаррас нест. Аз ҷумла, мунтахаби футболи хурд ё футзали занонаи Тоҷикистон дар сабқати ахири CAFA-2024, ки моҳи феврали имсол дар Душанбе баргузор шуд, ҳама бозиҳояшро бохт. Мадина Фозилова дар ин мусобиқа ширкат надошт, аммо сабаби шикасти ҳамдастаҳояшро дар кам будани машқу тамрин медонад.

"Аз ин хотир онҳо натавонистанд ягон натиҷаи хубро ба даст оранд. Вале ҳамаи ин таҷриба мешавад барои духтарон",-афзуд.

Назарҳо ба футболбозии занон дар ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон яксон нест. Юсуф Рабиев, сармураббии тими футболи занонаи Тоҷикистон, соли 2022 гуфта буд, ки "на ҳар волидайн духтарашро ба ин навъи варзиш мефиристад". Кам ташкил шудани мусобиқаҳо ва нарасидани ҳавасмандӣ ба гуфтаи Рабиев, аз сабабҳои дигари рушд накардани футболи занона дар Тоҷикистон аст.

Баръакси футболи занона, таваҷҷуҳ ба футболи мардона солҳои ахир дар Тоҷикистон зиёд шуда, варзишгоҳҳо пур аз мухлис аст. Аз ҷумла, мунтахаби футболи Тоҷикистон бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва моҳи феврали имсол то ба даври ¼ ниҳоӣ расид.

Мадина Фозилова ва ҳамдастаҳояш умед доранд, ки рӯзе мардум ба футболбозии духтарон низ ҳамин гуна мухлисӣ мекунанд ва футболи занона ҳам дар кишвар чунин рушд мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG