Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 ҳазор сомонӣ. Бародари Абдуқаҳҳор Розиқов аз ВКД ҷуброн хост


Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2 ба 3-юми январи соли 2023 дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон бохт
Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2 ба 3-юми январи соли 2023 дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон бохт

Як сокини шаҳри Кӯлоб аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан чил ҳазор доллар, ҷуброни зарари маънавӣ хостааст.

Давлатмурод Розиқов дар номае ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтааст, бародараш Абдуқаҳҳор Розиқов бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи маъмурони милиса ҷон бохт. Марги ӯ дар моҳи январи соли 2023 эътирози гурӯҳе аз сокинонро ба бор оварда буд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дод, ки аризаи Давлатмурод Розиқов 5-уми январи имсол ба Додгоҳ фиристода шудааст. Посух дастрас нест.

Намояндагони Эътилоф рӯзи 13-уми феврал дар хабарномае гуфтаанд, Давлатмурод Розиқов дар қазияи бародараш “ҷабрдида эътироф шуда буд” ва “аз кирдорҳои маъмурони идораи корҳои дохилӣ ба ӯ зарари маънавӣ расидааст”.

Абдуқаҳҳор Розиқов дар шаби дуюми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан дар эъломияе гуфта буд, "ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт." Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки Розиқов зери шиканҷа ҷон додааст. Дертар Додгоҳи вилояти Хатлон шиканҷаро тасдиқ кард.

Гурӯҳе аз сокинони Кӯлоб як рӯз ҷасадро аз сардхона нагирифта, гуфтанд, то мақомот ваъдаи ҷазои шиканҷагаронро надиҳанд, бинои сардхонаро тарк нахоҳанд кард. Эътирозгарон танҳо пас аз ваъдаи мақомот барои таҳқиқи одилонаи парванда ҷасадро барои дафн аз сардхона гирифта, он маконро тарк карданд.

Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи июли соли 2023 ҳукми се милисаи муттаҳам ба марги Абдуқаҳҳор Розиқовро содир кард. Ҳар кадоме аз онҳо ба 14-солии зиндон маҳкум шуданд.

Шамшод Шарифзода, Зафар Холов, ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилиро дар минтақаи Кӯлоб ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор карданд.

Мавқеи маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо ба ҳукм маълум нест, вале моҳи августи соли гузашта дар додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки яке аз милисаҳои маҳкумшуда бозбинии ҳукмашро хостааст.

Ҳар сол даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад мекунанд ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

XS
SM
MD
LG