Ин навор шаби 16 ба 17-уми феврал дар шоҳроҳе сабт шудааст, ки шаҳри Лабитнанги ва Салехардро дар Арктикаи Русия ба ҳам мепайвандад.
Мухолифи сарсахти ҳукумати Русия дар Лабитнанги, шаҳре дар минтақаи мухтори Ямало-Ненетс зиндонӣ буд.
Салехард ҷоест, ки гуё ҷасади Навалнийро дар сардхонаи онҷо нигаҳ медоранд.
Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал даргузашт.
Бо вуҷуди дархостҳои батакрор, ҷасади ӯро ҳанӯз ба пайвандонаш надодаанд.