Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дастур додааст, дар Тоҷикистон 2 миллиард дона ниҳол шинонанд


Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳангоми ширкат дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе. 24.02.2023
Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳангоми ширкат дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе. 24.02.2023

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки то камтар аз 15 соли дигар дар саросари кишвар то 2 миллиард бех дарахтони ороишӣ ва мева шинонда шавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 16-уми феврал хабар дод, ки ин дастур дар ҳамон рӯз дар ҷаласаи ҳукумати кишвар садо дод.

Дар ин ҷаласа, ки фаъолияти ҳукуматро дар соли равон баррасӣ кардаанд, аз ҷумла дар бораи барномаи кабудизоркунӣ дар Тоҷикистон суҳбат шудааст. Дар баёнияи расмӣ омадааст: "Ба масъулини ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал дастур дода шуд, ки доир ба амалисозии барномаи кабудизоркунӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва дар тамоми кишвар шинонидани то ду миллиард бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда чораҳои ҷиддӣ андешанд."

Зоҳиран сухан дар бораи иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ то соли 2040 меравад, ки ба гуфтаи мақомоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист қарор аст, ба зудӣ қабул шавад. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур гуфтааст: “Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал вазифадор шуданд, ки барои васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо ва кабудизоркунии саросари кишвар ва ба ин васила то соли 2037 ба кишвари воқеан сабз мубаддал гардонидани Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.”

Барномаҳои шабеҳи ниҳолшинонӣ дар кишварҳои дигари дунё ҳам иҷро мешавад. Дар Тоҷикистон ҳар сол бештар аз 1 миллион дона ниҳол кишт мекунанд, вале шикоят аз он зиёд аст, ки баъди шинондани ин ниҳолҳои ороишӣ ва ё мева, онҳоро ба ҳоли худ мегузоранд ва навниҳолҳои сабз зери офтоби сӯзони кишвар зуд сӯхтаву хушк мешаванд.

XS
SM
MD
LG