Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кул гуфт, узви "Гурӯҳи 24" дар боздоштгоҳи Душанбе аст


Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24".
Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24".

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24"-ро тасдиқ кард.

Масъулини ин ниҳод 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, Қурбоналиев дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе аст ва алайҳаш бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шудааст. "Тафтиши парванда идома дорад",-гуфтанд дар Додситонии кулл ва бештар аз ин шарҳ надоданд.

Намояндагони "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумат, рӯзи 8-уми декабри соли гузашта дар изҳороте гуфтанд, ки Вазорати муҳоҷирати Олмон 24-уми ноябр Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ронд.

Ин узви "Гурӯҳи 24" пас аз ҳамлаи Русия бо Украина аз Киев ба Олмон кӯчид ва мақоми паноҳандагӣ надошт. Моҳи октябри соли гузашта барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуд.

Ба гуфтаи намояндагони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", вай дар тазоҳуроти мухолифон дар Берлин, ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон, иштирок дошт. Биноан, аз он бим доранд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву азияти мақомот ва ҳабси тӯлонӣ интизор аст.

Қаблан аъзои “Гурӯҳи 24” аз норӯшан будани сарнавишти ин узви фаоли гурӯҳ ва хатари ба Тоҷикистон истирдод шуданаш нигаронӣ карда, аз Ҳукумати Олмон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархости ҳимоя ӯро карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ кардаанд.

Чанде пеш раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби мухолифон дар дохил ва беруни кишвар танқид карда, аз мақомо хост, ба ин кор поён диҳанд.

XS
SM
MD
LG