Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир парвандаи Анора Саркороваро тасдиқ кард


Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ.
Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, нисбат ба Анора Саркорова парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале аз ҷузъиёти он хабар надорад.

Қаблан Анора Саркорова ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот модарашро 1-уми феврали имсол ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД даъват карда, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ хабар додаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомот низ тасдиқ карданд, ки нисбати Анора Саркорова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи Саркорова гуфт, модараш аз муфаттиш “моддаи 307, замимаи 1”-ро шунидааст. Он дар бораи “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ ва тарғибу ташвиқу дуруст шуморидани ифротгароӣ” аст.

Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, нисбат ба "Анора Саркорова парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале мо маълумот надорем."

Анора Саркорова, хабарнигори собиқи бахши русии Би-би-сӣ ва Рустами Ҷонӣ, мудири пешини Радиои Имрӯз ва нашрияи ҳамноми он, тазоҳуроти олуда ба хунро дар вилояти Бадахшон (соли 2022) дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона инъикос мекарданд.

Оғози соли 2023 мақомот гуфта буданд, ки ба зидди Рустами Ҷонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Прага ва шавҳари Анора Саркорова парванда кушодаанд. Ҷониев ҳам ба “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” муттаҳам мешавад, ҳарчанд худаш ин иттиҳомро рад кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG