Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб "амали террористӣ" аст. Рамазон Раҳимзода 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин кор аз сӯи "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ содир шуд". Аммо Раҳимзода аз ҳеч гуруҳи мушаххас ном набурд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин гуфт, дар робита ба ин ҳодиса "шумораи зиёде дастгир шудаанд". Аммо Рамазон Раҳимзода ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот, шумори боздоштшудагонро ошкор накард. Ӯ танҳо илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январи имсол дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид. Худаш маҷрӯҳ шудааст. Манобеи расмӣ дар аввал ҳодисаро "қасди куштор" гуфтанд.
Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 30-юми январ дар бораи боздоштудагон гуфт, ҳамаи онҳо сокинони Кӯлобанд ва ин шаҳр маҳалли осебпазир дар баробари ифротгароӣ шумурда мешавад.
Парванди терроризм дар минтақаи Кӯлоб ба сари худ камсобиқа аст ва гуфта мешавад, маҳз он заминаи барканории гуруҳии сарони ниҳодҳои қудратии Хатлон шуд.