Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои мавсими варзиши соли 2023 рӯзи 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо аз Фонди захиравии президент ҷудо шуда, беш аз 1 миллиону 460 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҷоизаи президенти Тоҷикистон, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, бори ҳаштум ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо супурда шуд.
Медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар навъҳои олимпӣ мебошад. Ба ӯ ҷоизаи президент дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиаш 20 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (22-18-31), Қазоқистон (10-22-48), Қирғизистон (4-2-9) ва пеш аз Туркманистон (1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойгир шуд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон дар минтақа мақоми охиринро соҳиб гашт.
Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 17 ришта ҳунарнамоӣ карда, дар се намуд – ҷудо (3), бокс (2) ва кураш (2) – медал ба даст оварданд.
Давлат Болтаев (бокс) ва Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) барои медали тилло бо ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 ҳазор сомонӣ ва мураббиёнашон 30 ҳазор сомонӣ сарфароз гаштанд.
Темур Раҳимов (ҷудо), ки дар ин бозиҳо медали нуқра гирифт, соҳиби 80 ҳазор сомонӣ ва мураббиаш 20 ҳазор сомонӣ гардид.
Беҳрӯзи Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс), Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров (ҳарду дар риштаи кураш) барои медали биринҷӣ дар ин бозиҳо бо 40 ҳазор сомонӣ ва мураббиёнашон бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ ба варзишгарони ҷавоне, ки порсол дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё дар риштаҳои мухталиф ҷойҳои ифтихориро гирифтаанд, ҷоизаи президент дар ҳаҷми маблағи муқарраршуда тақдим гардид.
Инчунин дар ин маросим ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба ғолибони озмуни беҳтарин варзишгар, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин мактаби варзишӣ, беҳтарин федератсияи варзишӣ ва ғайра дар соли 2023 супурда шуд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон соли 2023 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 701 медал, аз ҷумла 203 нишони тилло, 188 нуқра ва 310 биринҷӣ ба даст оварданд.
Вале варзишгарони тоҷик соли гузашта натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд.
Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, 29 сол инҷониб касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.
Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати 9 сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.
Илова бар ин, ду соли охир ягон намояндаи Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои қаҳрамонии Осиё миёни бузургсолон мушарраф нашудааст.
Гуфтугӯ