Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари пешин аз ҳарфаш дар додгоҳ даст кашид


Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба рабудани як омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат муттаҳам аст, аз нишондоди пештарааш даст кашидааст.

Юсуфзода қаблан ба додситонӣ гуфта буд, дастони омӯзгор Исмоил Раҳмоновро баста, "бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофтаааст".

Аммо афсари пешин дар додгоҳ аз ин ҳарфаш даст кашида гуфтааст, дастони омӯзгорро набаста, ӯро ба об партофта буд ва шояд омӯзгор зинда бошад. Аммо бо гузашти ҳашт моҳ аз ҳодиса, то ҳол ҷасади омӯзгор пайдо нашудааст.

Рӯзи 12-уми феврал дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи навбатии афсари пешин Акмал Юсуфзода ва хешованди ӯ Исмоилҷон Шукуров баргузор шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин мурофиа роҳ наёфт. Аммо наздикони омӯзгор пас аз берун шудан аз толори мурофиа гуфтанд, баъди тағйир додани нишондоди афсар, додрас мурофиаро ду рӯз ба таъхир гузошт.

"Акмал Юсуфзода дар мурофиа гуфт, ки дастони омӯзгорро кушода, ӯро ба дарё партофта буд ва миёнбанд (тасма) дар хонааш ҳаст. Додрас амр дод, ки тасмаро аз ташхис гузаронанд ва муайян кунанд, ки оё изи дастони омӯзгор дар он ҳаст ё не",-гуфт, яке аз хешовандони омӯзгор Исмоил Раҳмонов.

Дар ҳоле, ки наздикони афсари пешин барои суҳбат дастрас нестанд, пайвандони омӯзгори рабудашуда мегӯянд, Акмал Юсуфзода бо ҳар баҳона мурофиаро ба қафо меандозад.

Даҳҳо тан аз хешовандони омӯзгор Исмоил Раҳмонов ба назди Додгоҳи олӣ омада, аз додрас талаб доштанд, ки дар нисбати афсари пешин ҷазои сахт содир кунад.

Манбаъҳои наздик ба ду хонавода қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс мегуфт, ҳамсари подполковник аз забони англисӣ. Шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, подполковник шабона ӯро барои суҳбат даъват карда будааст.

Мақомот Акмал Юсуфзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки шаби 12-уми июни соли 2023 омӯзгори донишгоҳ Исмоил Раҳмоновро аз маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе рабудаанд.

Акмал Юсуфзода то вақти боздошт, сардори Шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) буд.

Парвандаи ӯ баъди шаш моҳи таҳқиқ, охири моҳи январ ба Додгоҳи олӣ расид. Интизор мераванд дар рӯзҳои наздик ҳукм эълон шавад.

XS
SM
MD
LG