"Кормандони идораи манзил ва намояндагони нотариусро ба Додгоҳ даъват накарданд. Гуфтам, ҳуҷҷатҳо сохта ҳастанд ва бар асоси он додраси пешин, Дӯстзода, хонаро ба номи ҳамсари прокурор (додситон) гузарондааст. Инҳоро шуниданду хестанду гуфтанд, ки қарор бетағйир мемонад. Ҳаққи чор фарзанди маро ба оилаи прокурор доданд," – нақл кард хонум Тоирова рӯзи 5-уми феврал. Вай хулосаи додрасҳоро "ноадолатӣ" номид.
Гап дар бораи хонае меравад, ки дар маркази вилояти Суғд ҷойгир асту ин зан худро соҳиби он медонад, аммо феълан ба номи Сулҳия Шоева, ҳамсари корманди додситонӣ Азизмурод Сабурӣ, сабт шудааст.
Шикояти кассатсиониро се додрас дар ҳузури як намояндаи додситонӣ баррасӣ карданд. Қарор дар нимаи моҳи январи имсол баромадааст. Як нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид ва дар он навишта шудааст, ки ҳалномаи Додраси шаҳри Хуҷанд аз 22-юми ноябри соли 2023 бетағйир гузошта шавад.
Муяссар Тоирова иддао дорад, ки додгоҳ бо ёрии шавҳари инак собиқаш, Зоир Тоиров, манзили сабтшударо ба номи ӯ ба ихтиёри ҳамсари як корманди додситонӣ додааст.
Зоир Тоиров даъворо беасос медонад. Ӯ мегӯяд, хонаи баҳсиро соли 2004 харида, пас аз ду сол ба Азизмурод Сабурӣ фурӯхтанд. "Ба фикрам, ба 7 ё 7,5 ҳазор доллар фурӯхта будам," -- гуфт ӯ.
"Мо ваколатнома додем. Ба мӯҳлати се сол. Аз номи Муяссар Тоирова ба номи зани прокурор. Дар давоми се сол прокурор хонаро бояд ба номаш мегузаронд. Ҳамагӣ ду моҳ пеш занг заду гуфт, хонаро ҳуҷҷат карда гирем. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки соли 2014 аз ҳамсарам ҷудо шудаам, вай ҳоло гапи маро намегирад," – афзуд мард.
Муяссар Тоирова мегӯяд, аз ягон харидуфурӯш огоҳӣ надошт ва ба ҳеч гуна ваколатнома имзо нагузоштааст. Сулҳия Шоева ва шавҳараш, Азизмурод Сабурӣ, аз суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Манзили баҳсӣ дар як гӯшаи шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Ҳоло хонум Тоирова мехоҳад барои соҳибӣ ба он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунад. Маълум нест, даъвои ӯ то куҷо натиҷа хоҳад дод. Вале мегӯяд, дар баҳс бо ҳамсари маъмури Додситонӣ ба ҳуҷҷатҳо такя мекунад ва умедвор аст, додгоҳ ҳалномаро бекор хоҳад кард.
Баҳси манзил дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ дониста мешавад. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва "рақобатҳо" барои як порча замину макони зист шадидтар мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ