Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи нахустини Путин бо як шореҳи амрикоӣ дар ду соли охир


Лаҳзае аз суҳбати Такер Карлсон бо Владимир Путин
Лаҳзае аз суҳбати Такер Карлсон бо Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин дар як мусоҳибаи баҳсбарангез гуфт, Маскав барои манфиатҳои худ "то охир" мубориза хоҳад бурд, аммо моил нест, ки доманаи ҷангро дар Украина ба кишварҳои дигар, ба мисли Лаҳистону Латвия, густариш диҳад. Мусоҳиба рӯзи 8-уми феврал пахш шуд.

Такер Карлсон, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсии Амрико, рӯзи 6-уми феврали имсол бо Путин мусоҳибаи дусоата анҷом дод ва онро дар сомонааш нашр кард.

Ӯ аз Путин пурсид, ки оё сенарияи фиристодани нерӯҳояшро ба Лаҳистон (Полша), кишвари узви паймони низомии НАТО, тасаввур карда метавонад? Раиси ҷумҳури Русия ҷавоб дод, ки "танҳо дар як маврид, агар Лаҳистон ба Русия ҳамла кунад".

Владимир Путин дар ин мусоҳиба бори дигар иддао кард, ки Ғарб Украинаро ба НАТО ҷалб карданист ва аз ин нигоҳ Киев барои Маскав таҳдид ба шумор меравад. Иддаое, ки паймони низомӣ беасос номидааст.

Президенти Русия дар бораи Эван Гершкович, хабарнигори зиндонии The Wall Street Journal гуфт, мақомоти Русия ва Амрико дар бораи ин қазия гуфтугӯ доранд ва то андозае пешрафт кардаанд.

Гершкович дар охири моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Урал дастгир шуд. Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ҳангоми боздошт гуфта буд, ки алайҳи Гершкович барои ҷамъоварии сирри давлатӣ дар бораи иншооти низомӣ парванда боз кардааст. Ба ӯ то 20 сол зиндон таҳдид мекунад. Худаш иттиҳомро напазируфтааст.

Ин мусоҳибаи нахустини Владимир Путин бо як хабарнигори амрикоӣ аз замони ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 аст.

Такер Карлсон барои мусоҳиба бо Путин, ки ҳукуматаш Гершкович ва хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро дар зиндон нигоҳ медорад, мавриди интиқод қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG