Вай гуфт, ёриҳо бояд "ба шахсони воқеан ниёзманд" расонида шаванд.
Ба иттилои Тоқаев, айни замон дар Қазоқистон ҳудуди 4,5 миллион нафар ё ҳар панҷумин шаҳрванд аз ёриҳои давлат бархӯрдоранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тоқаев, аксари ин афрод "қобилияти корӣ доранд".
"Бо расонидани ёриҳои давлатӣ мо дар ҷомеа "психологияи тайёрхӯрӣ"-ро эҷод кардем, ки ин кор дар кишварҳои дигар нест. Кумакро бояд ба одамони дар воқеъ ниёзманд расонд, на ба онҳое, ки дар манзилҳои худ зиндагӣ намекунанд ва мошинҳои гарон меронанд," -- афзуд Тоқаев.