Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳодатномаи 4-миллионӣ". Ба нафъу ба зарари кӣ? ВИДЕО


Баръакси масъулони "Тоҷикстандарт", дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳодатномаи ҳатмӣ барои овардани бензин ба нархи ин наъви сӯзишворӣ бетаъсир нахоҳад буд.

Аз якуми январи имсол ширкатҳои воридкунандаи бензин бояд шаҳодатномаи махсус бигиранд. Арзиши он зиёда аз 4 миллион сомонӣ (60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аст.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддинҳисорӣ, 7-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Албатта, таъсири худро ба арзиши аслӣ мерасонад. Ҳамаи ин ба хароҷоти воридкунандагон зам карда мешавад."

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш муовини раиси Оҷонси "Тоҷикстандарт" иддао кард, ки арзиши шаҳодатнома ба нархи бензин дар бозор таъсир намегузорад.

Хабарнигорон аз масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ пурсиданд, ки агар арзиши шаҳодатнома ба нарх таъсир мегузорад, чаро аз қабули он пешгирӣ накарданд. Онҳо посух доданд, ки ин масъулияти хадамот нест, балки чунин талабот дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

"Шаҳодатномаи 4-миллионӣ". Ба нафъу ба зиёни кӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Дар чанд моҳи охир масъалаи гаронии арзиши газу бензин борҳост расонаӣ мешавад. Мақомот ба таври умумӣ посух медиҳанд, ки чунин раванд ба омилҳои берунӣ вобаста аст.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 7-уми феврал ҳамин далелро дигарбора такрор карданд. Хабарнигорон талаб карданд, ки мавзуъро бештар шарҳ диҳанд.

"Он маҳдудиятҳое, ки дар соли 2023 аз ҷониби давлатҳои содиркунанда ҷорӣ карда шуд, аз ҷумла Қазоқистону Русия, таъсири худро ба нарх расонд. Бозори дохилии мо ҳам аз давлатҳои содиркунанда вобастагӣ дорад. Дар давлати содиркунанда тағйирот шуд, дар мо ҳам мешавад," – афзуд Ҳабиб Абдуллозода, сардори як раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки афзоиши нарх дар бозори берунӣ ва таъмини худ ба сӯзишворӣ аз тарафи кишварҳои содиркунанда боис ба гаронӣ дар Тоҷикистон шудааст. Вале коршиносон дар гузашта борҳо мавҷудияти монополияро дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон сабаби гаронии маводи сӯхт номидаанд.

Афзоиши пайвастаи нарх ҳоло бештар ронандагонро нигарон кардааст. Ронанда Мақсуд Шокиров гуфт, гаронии нархи сӯзишворӣ на танҳо соҳибони мошин, балки ба рӯзгори дигар сокинон низ таъсир гузоштааст.

"Арзонтар мешуд, барои халқ осонтар мешуд. Ҳозир таксиҳои 7-сомонӣ 10 сомонӣ шудааст. Одамон намешинанд, баъзеҳо шароит доранд, бархе надоранд. Вақте пештар нархи 1 литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам шуд, бисёр хурсанд будем. Бубинед, як литр газ то 8-9 сомонӣ боло рафт ва хайрият, ки боз камтар арзон шуда, ба 6 сомониву 50 дирам фаромад," – гуфт Мақсуд Шокиров.

Тақрибан 7 моҳ пеш нархи як литр гази моеъ дар Тоҷикистон 3-4 сомонӣ буд. Сипас якбора боло рафт ва то 8 сомониву 50 дирам расид. Феълан нархи як литр гази моеъ 6 сомониву 50 дирам ва бензин 10 то 10 сомониву 50 дирам аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2023 ба Тоҷикистон ҳудуди 350 ҳазор тонна бензин ва бештар аз 400 ҳазор тонна гази моеъ овардаанд.

Ҳаргуна тағйирот дар қимати маводи сӯхт бахусус газу бензин ба ҷайби мардуми Тоҷикистон таъсир мерасонад, чун болоравии нархи сӯзишворӣ ба нархи дигар молу маҳсулот бетаъсир намемонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG