Сӯҳроб Ашӯрзода, намояндаи "Тоҷикстандарт", рӯзи 5-уми феврал гуфт, нархи шаҳодатнома зиёда аз 4 миллион сомонӣ (60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ шудааст.
Вай афзуд, ин пул ба буҷети давлат ворид мешавад: "60 ҳазор нишондиҳанда, ки пардохт мешавад, барои дастгирии буҷети давлатӣ аст."
Соҳибкорон дар гузашта як далели афзудани нархи маҳсулоти воридотиро ба бештар шудани харҷҳояшон вобаста медонистанд. Хабарнигорон низ ҳамин масъаларо бо намояндагони "Тоҷикстандарт" дар миён гузоштанд.
"Ин ба нархи сузишворӣ чандон таъсир намегузорад. Ширкатҳое, ки ба воридоти бензин машғуланд, пулро барои шаҳодатнома ҳар сол пардохт мекунанд,” – ҷавоб дод Сӯҳроб Ашӯрзода.
Раҳмоншоҳ Мирзоиён, муовини аввали раиси “Тоҷикстандарт”, мегӯяд, шаҳодатнома барои овардани бензин бори аввал ҷорӣ мешавад. Пештар танҳо воридкунандагони гази моеъ чунин санадро дастрас мекардаанд.
Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки шаҳодатнома чӣ аҳамият дорад, гуфт: “Танзим кардан хуб аст. Барои онки соҳибкорони мо фиреб мехӯранд ва баъзан бензине, ки аз дигар давлат гирифта ба инҷо меоранд, ба талаботу регламенти техникии мо рост намеояд. Ин ба зарари соҳибкор ва ҳам экология аст.”
Ҳарчанд дар Оҷонси "Тоҷикстандарт" иддао доранд, ки талаботи дарёфти шаҳодатнома барои ворид кардани бензин ба нархи маҳсулот дар дохил таъсир намерасонад, таҳлилгарон чизи дигар мегӯянд.
Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодӣ, гуфт, “ҳозир бензини навъи 92-юм 10 сомонӣ аст. Нархи шаҳодатномаро зам кунанд, ҳатман 1 то 2 сомонӣ боло меравад. Шояд чанд ширкати воридкунандаи бензин, ки мувофиқи хоҳиши мақомот нест, худ аз худ муфлис шаванд. Фақат одамони наздик ба худашон газу бензинро биёранд."
Бахши асосии бензинро ба Тоҷикистон аз Русия меоранд. Боло рафтани нархи бензин ба дигар бахшҳои иқтисодӣ метавонад таъсир гузорад.
Баъзе аз тоҷирони бензин нахостанд ошкоро суҳбат кунанд, вале дар суҳбатҳои бидуни сабт тасдиқ карданд, ки чунин талабот бе шубҳа ба арзиши бензин таъсир хоҳад дошт.
“Агар бо ҷорӣ намудани ин, аз тарафи дигар сабукӣ медоданд, мумкин нарх тағйир намеёфт. Лекин дар шароити бозор, вақте харҷ зиёд шуд, маҷбур мешавӣ нархро боло бардорӣ,” -- таъкид кард яке аз тоҷирони ҳамсуҳбати мо.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ширкат ба овардани бензин машғуланд.
Ба иттилои масъулони “Тоҷикстандарт”, то ҳол “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва “Ориё тиҷорат” шаҳодатномаро барои овардани бензин дастрас кардаанд.
Талаботи гирифтани шаҳодатномаи нав бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ сурат гирифта, ташаббускораш ҳукумати Тоҷикистон аст.
Гуфтугӯ