Бозии аввали даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райяни Қатар соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Дастаи мунтахаби Урдун, ки дар бозии аввалини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар 2-юми феврал тими миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ба ҳаққи иштирок дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 мушарраф гашт.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки 2-юми феврал дар бозии дуюми даври чорякниҳоии ин мусобиқот тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Бозии дуюми даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Эрону Қатар рӯзи чоршанбеи 7-уми феврал дар варзишгоҳи Ал-Тумамаи шаҳри Доҳа соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) сар мешавад.
Тими миллии Эрон, ки 3-юми феврал дар бозии сеюми даври чорякниҳоии мусобиқот тими миллии Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.
Мунтахаби Қатар, ки дар бозии охирини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тими миллии Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, ба ҳаққи иштирок дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 даст ёфт.
Дастаҳои ғолиби даври ниманиҳоӣ ба финали Ҷоми Осиё-2023, ки рӯзи шанбеи 10-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаили Қатар соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад, роҳ пайдо мекунанд.
Ба назари коршиносон яке аз муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё дар Қатар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Ин яке аз дастаҳои машҳуртарин ва қавитарини Осиё маҳсуб мешавад.
Тими миллии Кореяи Ҷанубӣ ду бор (солҳои 1956 ва 1960) барандаи Ҷоми Осиё шуда, чаҳор бор (1972, 1980, 1988 ва 2015) барандаи медалҳои нуқра ва чаҳор маротиба (солҳои 1964, 2000, 2007 ва 2011) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ягона дастаест аз Осиё, ки сар аз соли 1954 аз ҳама бештар (11 бор) дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, соли 2002 ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст.
Инчунин дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон барандаи медалҳои биринҷӣ гаштааст.
Кореяи Ҷанубӣ бо роҳбарии сармураббӣ Юрген Клинсманни олмонӣ, дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло панҷ бозӣ анҷом дода, дар сетоаш ғолиб омада, ду бозиро мусовӣ кардааст.
Кореягиҳо дар гурӯҳи “Е” пас аз Баҳрайн (6 имтиёз) бо касби 5 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Баҳрайн – 3:1, Урдун – 2:2, Малайзия – 3:3.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ кореягиҳо дар се бозӣ 8 гол зада, аз дарвозаашон 6 гол сар доданд, ки ин нишондод аз қавӣ будани хати ҳамла ва заъфи хатти дифоъ шаҳодат медиҳад.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ҳаштякфинал Арабистони Саудиро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои ҷаримавии 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) ва дар чорякфинал Австралияро дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Дарвоқеъ, дар ҳайати мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ беҳтарин бозигари Осиё ҳамлагар Сон Ҳин Мини 31-сола бозӣ мекунад, ки ӯ сарвон ё капитани даста мебошад.
Тими миллии Эрон низ ба қатори муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё-2023 дохил аст. Эрониҳо се бор (солҳои 1968, 1972 ва 1976) барандаи Ҷоми Осиё шуда, панҷ бор (1980, 1988, 1996, 2004 ва 2019) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидаанд.
Мунтахаби Эрон, ки сар аз соли 1978 шаш бор дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок кардааст, натиҷаи беҳтаринаш ҷойи 18-ум дар соли 2018 мебошад.
Инчунин дастаи мунтахаби Эрон дар Бозиҳои олимпии соли 1976 ба чоряфинал роҳ ёфтааст.
Мунтахаби Эрон бо роҳбарии сармураббӣ Амир Қалъанавии эронӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло панҷ бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш пирӯз шудааст.
Эрониҳо дар гурӯҳи “С” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Фаластин – 4:1, Ҳонконг – 1:0, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 2:1.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ эрониҳо дар се бозӣ 7 гол зада, аз дарвозаашон 2 гол сар доданд, ки ин нишондод аз қавӣ будани хатҳои ҳамла ва дифоъ шаҳодат медиҳад.
Мунтахаби Эрон дар ҳаштякфинал тими миллии Сурияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ ва изофа - 1:1) ва дар чорякфинал Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Дарвоқеъ, дар ҳайати мунтахаби Эрон беҳтарин дарвозабон Алиризо Бейранванди 31-сола, ҳамлагарони моҳир, ба мисли Сардор Озмуни 29-сола ва Меҳдӣ Торимии 31-сола бозӣ мекунанд.
Муддаии дигари унвони қаҳрамони Осиё дастаи мизбон - Қатар мебошад. Ин даста, ки қаҳрамони феълии Осиёст, унвони худро ҳимоя хоҳад кард. Тими миллии Қатар, ки аз соли 1980 дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад, соли 2019 баранда шудааст.
Мунтахаби Қатар дар Ҷоми ҷаҳонии футбол бори аввал соли 2022 ба ҳайси мизбон ширкат варзида, дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳарсе бозиро бохтааст.
Қатариҳо бо роҳбарии сармураббӣ Бартоломе Марке Лопеси испаниягӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло панҷ бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб шудаанд.
Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Лубнон – 3:0, Тоҷикистон – 1:0, Чин – 1:0.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ қатариҳо дар се бозӣ 5 гол зада, аз дарвозаашон гол сар надоданд, ки ин аз қавӣ будани хаттҳои ҳамла ва дифоъ дарак медиҳад.
Мунтахаби Қатар дар ҳаштякфинал тими миллии Фаластинро бо ҳисоби 2:1 ва дар чорякфинал тими миллии Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.
Дарвоқеъ, дар ҳайати мунтахаби Қатар яке аз беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми Осиё-2023, ҳамлагар Акрам Афифи 27-сола бозӣ мекунад, ки ӯ то ҳоло чаҳор гол задааст.
Мунтахаби Урдун ҳам барои унвони қаҳрамони Осиё талош дорад. Ин даста, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз соли 2004 бори шашум иштирок мекунад, маротибаи сеюм аст (солҳои 2004, 2011 ва 2023) ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтааст.
Урдуниҳо бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Аммутаи марокашӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло панҷ бозӣ анҷом дода, дар сетоаш ғолиб шуда, як бозиро мусовӣ кардаанд ва дар як дидор шикаст хӯрдаанд.
Мунтахаби Урдун дар гурӯҳи “D” бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Малайзия – 4:0, Баҳрайн – 0:1, Кореяи Ҷанубӣ – 2:2.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ урдуниҳо дар се бозӣ 6 гол зада, аз дарвозаашон 3 гол сар доданд, ки ин нишондоди хуб аст.
Мунтахаби Урдун дар ҳаштякфинал тими миллии Ироқро бо ҳисоби 3:2 ва дар чорякфинал тими миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Ҷоми Осиё-2023
Даври ниманиҳоӣ
6-уми феврал (сешанбе), 20:00
Урдун – Кореяи Ҷанубӣ
Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
7-уми феврал (чоршанбе), 20:00
Эрон – Қатар
Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама
Финал
10-уми феврал (шанбе), 20:00
Лусаил. Варзишгоҳи миллӣ
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.
Гуфтугӯ