Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик аз Порис бе медал бармегарданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024), ки рӯзҳои 2-4-уми феврал дар Пориси Фаронса баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи сернуфуз 621 варзишгар (365 мард ва 256 зан) аз 107 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат доштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар дохил буд: Меҳрзод Сӯфиев (вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни -66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова (-52 кг) дар сабқати занон.

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 2-юми феврал - нахуст Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Аҳмад Юсуфови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Баъдан дар вазни то 66 кило ду паҳлавони тоҷик – Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов - рақобат карданд. Эмомалӣ дар даври аввал Патрик Заскоро аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шикаст дод, вале дар даври дуюм қувваозмоиро ба Мартин Сетзи олмонӣ бохт.

Обид Ҷебов баъди пирӯзӣ дар даври аввал ба Аҳмад Абдулраҳмон аз Миср, дар даври дуюм аз Виллиан Лимаи бразилӣ шикаст хӯрд.

Аҳлия Муъминова, ки дар сабқати занон дар вазни то 52 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Хорлудои Бишрелт аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мағлуб гардид.

Рӯзи 3-юми феврал се паҳлавони тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) – вориди рақобат шуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, пас аз пирӯзӣ ба рақибонаш аз Ҷибути, Португалия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Косово ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимафинал аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Беҳрӯз қуввозмоиро барои медали биринҷӣ ба Акил Гҷакова аз Косово бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Сомон Маҳмадбеков ҳам дар даври аввал озод буд. Сипас ӯ баъди пирӯзӣ ба рақибонаш аз Фаронса, Узбекистон, Молдова ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо намуд. Вале ӯ дар нимафинал аз Кассе Маттиас аз Белгия ноком шуд. Баъдан Сомон барои медали биринҷӣ аз Темур Арбузови 19-солаи русиягӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб гашт.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа намояндаи дигари Тоҷикистон Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило дар аввалин рақобати худ аз Шаҳром Аҳадови узбекистонӣ мағлуб шуд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа - 4-уми феврал - ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар сабқати мардон ба рақобат пардохтанд.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, пас аз пирӯзӣ ба рақибонаш аз Озарбойҷон ва Испания ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар чорякфинал аз Михаэл Зганк аз Туркия шикаст хӯрд. Устопириён дар даври тасаллобахш Маркус Найманро аз Шведсия мағлуб кард. Аммо ӯ дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Максим-Гаел Нгайар Ҳамбоу аз Фаронса ноком шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар даври аввал ба Селтус Доссоу Ёво аз Бенин дастболо шуд, вале дар даври дуюм аз Ҷаъфар Костоев (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, дар се рӯзи мусобиқа дар Порис варзишгарони тоҷик аз медал бенасиб монданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон

-60 кг
1. Люка МХЕИДЗЕ (Фаронса)
2. Харим ЛЛ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Таики НАКАМУРА (Ҷопон)
3. Франсиско ГАРРИГОС (Испания)

-66 кг
1. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
2. Ҷохиро МАРИЯМА (Ҷопон)
3. Нармадах БАЯНУТХ (Иморот)
3. Давид ГАРСИЯ ТОРНЕ (Испания)

-73 кг
1. Татсуки ИШИХАРА (Ҷопон)
2. Георги ЧИШИЛИДЗЕ (Гурҷистон)
3. Акил ГҶАКОВА (Косово)
3. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)

-81 кг
1. Маттиас КАССЕ (Белгия)
2. Зелим ЧКАЕВ (Озарбойҷон)
3. Франсикос ГАТЕ ДРАПЕ (Канада)
3. Темур АРБУЗОВ (Русия)


-90 кг
1. Михаэл ЗГАНК (Туркия)
2. Иля ҲОҶИЕВ (Озарбойҷон)
3. Максим-Гаэл НГАЯП ҲАМБОУ (Фаронса)
3. Ерлан ШЕРОВ (Қирғизистон)

-100 кг
1. Аарон ВОЛФ (Ҷопон)
2. Николоз ШЕРАЗАДИШВИЛИ (Испания)
3. Александр КУКОЛҶ (Сербия)
3. Нурлахан ШЕРХОН (Қазоқистон)

+100 кг
1. Тедди РИНЕР (Фаронса)
2. Минжонг КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Кента НАКАНО (Ҷопон)
3. Алишер ЮСУПОВ (Узбекистон)

Занон

-48 кг
1. Ширин БУКЛИ (Фаронса)
2. Вакана КОГА (Ҷопон)
3. Лаура МАТНИНЕЗ АБЕЛИНДА (Испания)
3. Ассунта СКУИТТО (Италия)

-52 кг
1. Дистрия КРАСНИКИ (Косово)
2. Челси ҶИЛ (Британияи Кабир)
3. Арине ТОРО СОЛЕР (Испания)
3. Кисуми ОМОРИ (Ҷопон)

-57 кг
1. Файза МОКДАР (Фаронса)
2. Криста ДЕГУЧИ (Канада)
3. Ҷессика КЛИМКАТ (Канада)
3. Сара Лионе КРИСКИ (Фаронса)

-63 кг
1. Кларисса АГБЕНЕНУ (Фаронса)
2. Катарина КРИСТО (Хорватия)
3. Люси РЕНШЕЛ (Британияи Кабир)
3. Канхаш БОЛД (Муғулистон)

-70 кг
1. Мириам БУТКЕРИТ (Олмон)
2. Мари Ев ГАХЕ (Фаронса)
3. Барбара МАТИЧ (Хорватия)

3. Марго ПИНО (Фаронса)


-78 кг
1. Анна-Мария ВАГНЕР (Олмон)
2. Алис БЕЛЛАНДИ (Италия)
3. Гуис СТЕНХАУС (Нидерланд)
3. Маделин МАЛОНГА (Фаронса)

+78 кг
1. Романе ДИККО (Фаронса)
2. Кайра ОЗДЕМИР (Туркия)
3. Леа ФОНТАНЕ (Фаронса)
3. Раз ХРЕШКО (Исроил)

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 12 медал (6 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Ҷопон бо касби 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дуюм ва мунтахаби Олмон бо касби 2 медали тилло сеюм шуданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон 2 медали биринҷӣ (ҷойи 15-ум), Қазоқистон 1 нишони биринҷӣ (ҷойи 17-ум), Қирғизистон 1 медали биринҷӣ (ҷойи 22-юм) гирифтанд. Дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон бе медал монданд. Тоҷикистон бо се ҷойи панҷум дар байни 107 кишвар зинаи 23-юмро соҳиб шуд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024) 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи байнулмилалии имсолаи ҷудо - Grand Prix Portugol 2024, ки рӯзҳои 26-28-уми январ дар шаҳри Одивеласи Португалия бо иштироки 624 варзишгар (344 мард ва 280 зан) аз 90 кишвар доир гардид, натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳашт нафар миёни мардон ва як нафар миёни занон дохил буданд, вале ягон нафари онҳо натавонист ба чорякфинали мусобиқаи Гран-Прии Португалия роҳ пайдо кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG