Пули деҳаи Ҳасан Қурбонии ноҳияи Восеъ рӯзи 4-уми январ шикаст ва навори лаҳзаи гузаштани мошини гаронвазн аз болои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Аксари корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро намунаи фасодзадагӣ дар сохторҳои кишвар номидаанд.
Амирбек, як корбар дар Инстаграми Радиои Озодӣ дар зери хабари шикаста шудани пул навиштааст, ки “ронандагон ва ширкатҳои боркашонӣ пора медиҳанду ҳарчӣ хоҳанд бор мекунанд ва пулҳои миллиондоллараро мешикананду роҳҳоро хароб месозанд.”
Бархеи дигар гуфтаанд, ки пул кӯҳна шуда буд ва беэҳтиётии ронанда боиси шикастани он шудааст.
Мақомот низ тасдиқ кардаанд, ки он мошини боркаш аз меъёр бештар бор доштааст.
Муродалӣ Хомушов, намояндаи Идораи роҳи минтақаи Кӯлоб гуфт, мутахассисони Вазорати нақлиёт ин пулро диданд ва гуфтанд, ки барои азнавсозиаш беш аз як миллион сомонӣ даркор аст.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ дар як ҷаласа аз шикаста шудани пул сахт интиқод кардааст. Ӯ гуфтааст, ки “бино бар санҷиш он мошин қариб 52 тонна бор доштааст."
Баҳром Абдуллозода, сардори Раёсати назорат ва танзим дар соҳаи нақлёт дар минтақаи Кӯлоб гуфт, мошин ба як соҳибкоре таалуқ дорад, ки сангреза ё шағал мекашонад. Ӯ гуфт, ин мошин 40 тона шағал доштааст.
Видеоро инҷо бинед:
Соҳиби мошини боркаш ҳанӯз дар ин бора суҳбат накардааст.
Аз тариқи ин пул сокинони деҳаи Ҳасан Қурбонии Восеъ ба марказ сафар мекарданд.
Дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ садҳо километр роҳи замонавӣ сохта шудааст, вале аксари онҳо зуд таъмирталаб мешаванд. Коршиносон мегӯянд, мушкил дар бесифат сохтани роҳҳо ва аз меъёр бештар бор кашондани мошинҳои боркаш ҳастанд.
Гуфтугӯ