Ҳамла шаби 3-юми январ сурат гирифтааст. Мақомоти Луганск, ки Русия онҳоро таъин кардааст, гуфтаанд, эҳтимол ҳанӯз теъдоди дигаре аз сокинон дар зери харобаҳо бошанд.
Русия дар ин ҳамла Украинаро гунаҳкор кардааст.
Хабаргузории русии ТАСС гуфааст, ки ба биное, ки дар он сокинони одӣ зиндагӣ мекарданд, тариқи мушаки системаи HIMARS ҳамла шудааст.
Мақомоти Украина гуфтаанд, ки ҳамла кори дасти онҳо нест, балки инро худи русҳо анҷом додаанд.
Шаҳраки Лисичанскро артиши Русия тобистони соли 2022 ишғол карда буд.