Раҳим Саидзода, вазири маориф рузи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки ҳамаи мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таъмин ҳастанд ва барои ҳамин, ба гуфтааш, зарурате ба истифодаи планшету телефони мобилӣ дар мактаб нест.
Қаблан вазорат гуфта буд, дар паи таҳияи тарҳе мебошад, ки ба шогирдон иҷозаи истифода аз планшету компютерро дар ҷараёни таълим фароҳам мекунад.
Вазир дар ҳузури хабарнигорон рӯзи ҷумъа гуфт: «Мо дар ҳақиқат як тасмим гирифта будем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои он ки то соли 2022 камтар бо китобҳо мушкил доштем, аз планшету телефонҳо танҳо барои истифода бурдани китоб истифода мекунем. Дар соли 2023 теъдоди зиёди китобҳои дарсиро ба тасвиб расондем, зиёда аз 6 миллион нусха шуд. Барои ҳамин, бо китоб таъмин кардани мактабҳои таҳсилоти умумӣ 94 дарсадро ташкил медиҳад... Мо як тасмим гирифта будем, аммо ҳозир аз он даст кашидем. Лекин ин тақозои замон аст. Зарурат шавад, истифода мекунем, лекин ҳозир фикр мекунам, ки зарурат нест,» - афзуд вазири маориф.
Назари мардум ба иҷозаи истифодаи телефону планшет дар мактабҳо яксон нест. Бархе мегӯянд, ин сабаби ақиб мондани кишвар дар корбурди навтарин фанновариҳо мешавад ва бархеи дигар мегӯянд, истифодаи телефону планшет хонандагонро рӯ ба телефонбозӣ меорад ва кори омӯзгорон боз ҳам душвортар мегардад. Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе гуфт:
«Фоидааш бештар аст, зеро ҳоло асри технология шудааст. Бояд кӯдакон аз он истифода кунанд, то бо техника кор карданро омӯзанд. Ҷиноятҳои кибернетикӣ зиёд шуда истодаанд. Бояд насли ҷавонон аз ин чизҳо бохабар бошад. Тарзи истифодаи дурусти онро омӯзанд. Зарар дорад, аммо ба фикри шахсии ман, фоидааш бештар аст».
Аммо як омӯзгори собиқадор гуфт, ҳанӯз фарҳанги дурусти истифодаи гаджетҳо дар миёни шогирдони мактаб маъмул нашудааст: «Хонанда муаллимро видео мекунад, дар байни ҷомеа паҳн мекунад. Обрӯи муаллим куҷо мешавад? Чӣ гуна тарбия кунад, ки оянда қадри ӯ намоён шавад. Ман ҳамчун омӯзгор, ки 35 сол таҷриба дорам, ба ин чиз зид ҳастам».
Бархе дигар гуфтанд, истифодаи планшет дар мактаб таҳти назорати шогирдон ва падару модар кори баде нест, баръакс ба пешрафти донишомӯзон кӯмак мекунад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2007 ба шогирдон бо телефонҳои мобилӣ ва планшет ба мактаб ҳозир шуданро манъ карда буд. Мутахассисон мегӯянд, мақомотро зарур буд аз аввал қарори манъи истифодаи планшет ва телефонҳои мобилиро қабул намекарданд ва дар ин муддат хонандагонро барои истифодаи дурусти фанновариҳои навин, махсусан интернет омода мекарданд.
Аз тарафи дигар, ба назари онҳо, баҳрабардорӣ аз фанновариҳои нав барои таҳсил як амри зарурӣ аст.
Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар умум ин танҳо хоҳиш аст, агар ҷорӣ кардан хоҳанд, метавонанд, зеро ягон мушкили ҷиддӣ набояд пеш ояд. Аз тарафи дигар, нархи планшет ҳам чандон гарон нест, дар як пленшет мешавад садҳо китобро ҷойгир кард, ки нархи китоб бо нархи планшет баробар аст. Ҳамчунин як кӯдаке ҳар рӯз дар ҷузвдонаш даҳҳо китобро мебардорду мебарад агар ба ҷойи он як планшетро осону роҳат барад беҳтар аст».
Планшетро сокинон бештар ҳамчун як компютери саридастӣ барои кор дар интернат истифода мекунанд. Дар баробари истифодаи планшет, овардани телефонҳои мобилӣ низ дар мактабҳо манъ аст. Мақомот дар гузашта даҳҳо хонандаро барои доштани телефони ҳамроҳ ва овардани планшет ба мактаб танбеҳ дода ва волидайнашонро ҷарима бастаанд. Вале на ҳама ин амал ва манъ будани кор дар васоити фанниро дар мактаб дуруст мешуморанд.
Гуфтугӯ