Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"80 кас сӯхтанӣ шуд." Марги 4 нафар аз бемории ҳории ҳайвонот. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон "сӯхтанӣ" ба 80 кас сироят кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Cоли гузашта дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ба як бемории хатарноке гирифтор шудаанд, ки аз ҳайвон сироят мекунад ва дар сурати саривақт муолиҷа накардан сабаби марг хоҳад шуд.

Мақомоти Кумитаи амнияти озуқаворӣ рӯзи 31-уми январ дар бораи сирояти бемории сӯхтанӣ ба 80 нафар сухан гуфтанд.

"Ду мавриди фавти одамон аз ҳамин беморӣ боис ба сарусадо шуд, дар Ҳисор ва Панҷакент, аммо тасдиқи худро наёфт," – гуфт Исмоил Андамов, намояндаи Кумита дар нишасти матбуотӣ.

Вале масъулон марги чаҳор нафарро аз бемории ҳории ҳайвонот эълон карданд. Ба иттилои онҳо, соли гузашта 34 мавриди мубтало шудани ҳайвонот ба бемории ҳорӣ ё “девонагӣ” сабт шудааст.

Кумитаи амнияти озуқаворӣ соли гузашта зиёда аз 700 мавриди сирояти ҳайвонотро ба касалии “брютселёз” низ сабт кардааст.

Сокинон мегӯянд, на ҳамеша бемории чорвои худро маълум карда, роҳҳои дармони онро меёбанд. Дар маҳаллаи Ҳаёти Нави ноҳияи Фархор дар охири тобистони соли 2023 маризие миёни чорво пайдо шуд, ки сабаби талафоти чанде аз онҳо гардид.

“Панҷ гови мо ҳам касал шуд. Духтур диду гуфт, ки бемории гузаранда аст, ҳар чӣ зудтар табобат кунед. Ваксина нагузаронида будем. Дар хона табобат кардем,” – гуфт Файзалӣ Раҳматов, сокини маҳаллаи Ҳаёти Нави Фархор.

Маҳмуд Ширинҷонзода, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, гуфт, барои пешгирӣ аз хуруҷи маризиҳои сироятӣ ба минтақаҳо маводи эмкунии ҳайвонот расондаанд.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, ташхиси бемории ҳайвонот ва бар асоси он дарёфти ваксина ё доруву маводи дигари тиббӣ чандон осон нест.

Ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиону 300 ҳазор чорвои калон ва беш аз 5 миллион чорвои хурд ҳаст. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳот ва манбаи даромади оилаҳои зиёде ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG