Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Украина ба камбуди таҷҳизоти низомӣ рӯбарӯ шудааст


Харков, Украина
Харков, Украина

Украина ба камбуди тири тӯпхона ва мушак рӯбарӯ шудааст.

Ба навиштаи оҷонси Bloomberg, сабаби пеш омадани ин ҳолат таъхир дар мувофиқа кардани бастаҳои кумаки низомии Амрико ва Иттиҳоди Аврупост.

Чанд дипломати ғарбӣ ба Bloomberg гуфтаанд, ҳампаймонҳои аврупоӣ то 1-уми март метавонанд ба Украина танҳо 600 ҳазор тир бидиҳанд. Қаблан Ғарб ба Украина як миллион тир ваъда дода буд.

Ба гузориши Bloomberg, вазирони дифои Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи ҷорӣ дар нишасте дар Брюссел масъалаи бештар кардани кумакҳои низомиро ба Украина баррасӣ мекунанд.

Баъд аз таҷовузи Русия ба хоки Украина кишварҳои ғарбӣ ба Киев ба миллионҳо доллар ёрии низомӣ расондаанд.

XS
SM
MD
LG