Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни Сада: Чаро оташ барои эрониён муҳим аст?


Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзи 30-юми январ ҷашни Сада буд. Аз муҳимтарин ҷашнҳои роиҷ дар миёни эрониёни бостон, ки акнун дар ҳоли эҳё шудан аст – бавижа дар Тоҷикистон, ки аз соли 2018 ба ин сӯ ба таври расмӣ баргузор мешавад.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар

Исфандиёри Одина
Исфандиёри Одина

Ҷашни Садаи имсол дар ҳоле баргузор мешавад, ки Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳудуди ду моҳ қабл онро бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон ба феҳристи мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и ҷаҳонӣ афзуд.

"Фурӯғи эзадӣ"

Устураҳо ва ривоятҳои гуногуне дар бораи сароғози ҷашни Сада дар миёни мардуми эронӣ вуҷуд дорад, ки муҳимтарини онҳо ба достони кашфи оташ аз сӯи Ҳушанг, подшоҳи пешдодӣ, дар “Шоҳнома” бармегардад. Дар ин достон, Фирдавсӣ ривоят мекунад, ки рӯзе шоҳ Ҳушанг бар кӯҳе шуд ва мореро дид. Ва санге бардошту хост бар мор бизанад, то аз шарраш халос шавад:

"Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз."

Ҳушанг ин рӯйдодро ба фоли нек гирифт ва ҷашне бапо кард, ки онро “Сада” номид ва аз инҷо расми такрими оташ дар миёни эрониёни бостон роиҷ шудааст. Яъне расми баистилоҳ “оташпарастӣ” дар миёни эрониён хеле пештар аз падид омадани дини Зартушт вуҷуд доштааст.

Сад шабу рӯз то Наврӯз?

Аз ривояти “Шоҳнома” чунин бармеояд, ки ҷашни “Сада” барои бузургдошти як рӯйдоди муҳим дар таърихи башар, яъне кашфи оташ ва наҳваи истифода аз он, расм шуда, вале шигифт ин ки номи он рабти мустақиме ба оташ надорад.

Ба гуфтаи Анна Красноволская, эроншиноси лаҳистонӣ, дар матнҳои бозмондаи динии зартуштӣ “ҳеч асаре аз Сада” вуҷуд надорад, вале вуҷуди вожаҳои “садақ” ё “сазақ” дар баъзе аз осори арабӣ собит мекунад, ки номи ин ҷашн аз китобҳои паҳлавӣ вориди забони арабӣ шудааст. Забоншиносон номи ин ҷашнро бештар ба шумораи “сад” (100) дар забони порсӣ рабт медиҳанд.

Ривоятҳои мухталифе дар ин бора вуҷуд дорад, чунончи Абӯрайҳони Берунӣ гуфта, ки ин ҷашн 50 рӯз ва 50 шаб қабл аз ҷашни Наврӯз барпо мешуда, яъне агар ин ду ададро ҷамъ кунед, сад ҳосил мешавад. Деҳхудо муътақид аст, ки аз оғози фасли зимистони панҷмоҳа, яъне аз сари обонмоҳ, то замони баргузории ин ҷашн дар даҳуми баҳманмоҳ 100 рӯз пур мешавад. Тибқи ин ривоят, зимистон назди эрониёни бостон аз панҷ ва тобистон аз ҳафт моҳ иборат будааст.

Иддаи дигар аз пажӯҳишгарон, чун авестошинос Мери Буйс, муътақиданд, ки ин ҷашн сад рӯз пеш аз Наврӯз дар миёнаи моҳи озар (авоили декабр) баргузор мешуда ва бо тағйироте дар тақвим замони он иваз шудааст.

Бархе дигар мегӯянд, аз бас ин ҷашн пас аз анҷоми чиҳил рӯз аз чиллаи зимистон баргузор мешавад, аз наздик шудани баҳор навид медиҳад ва дар ин замон аст, ки кишоварзон боистӣ барои баҳор омода шаванд. Фаррухии Систонӣ, шоири маъруф, дар яке аз ашъораш ба ин маврид ишора мекунад:

“Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз.”

Ёдгори Фаридуну Ҷам

Номи “Сада” албатта ба ҷуз “Шоҳнома” дар манобеи дигари порсӣ ҳам фаровон ба кор рафтааст. Анна Красноволская бо ишора ба пажӯҳишҳои бархе аз эроншиносон, чун Кристенсен ва Бертелс, менависад, ки дудмонҳои подшоҳии Сомониён, Ғазнавиён, Оли Зиёр ва Салҷӯқиён аз он таҷлил мекардаанд.

Дарвоқеъ, Абулфазли Байҳақӣ, таърихнигори даврони Ғазнавӣ, аз баргузории ҷашни Сада дар он замон хабар медиҳад: “...Ва Сада фароз омад, нахустшаб амир бар он лаби ҷӯй омад, ки шуроъӣ (найзаҳои баланд) зада буданд, бинишаст ва надимону мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ва пас аз он шунидам, ки қариб даҳ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд... ва кабӯтарон нафтандуд бигузоштанд ва дадагон барфандуд ва оташзада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар ончунон надидам ва он бахуррамӣ ба поён омад.”

Ишораи Байҳақӣ зоҳиран ба расмест, ки дар миёни эрониён роиҷ буда ва Деҳхудо низ аз он ёд кардааст. Тибқи он, гурӯҳе аз эрониён дар ҷашни Сада “мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пои онҳо баста ва оташ дар он гиёҳ” мезаданду раҳо мекарданд. Берунӣ ҳам ба ин расм ишора кардааст.

Номи ин ҷашн дар шеъри порсӣ, бавижа дар осори шуъарои сабки хуросонӣ, фаровон ба чашм мерасад, вале баъд аз ҳамлаи муғул камтар ёд мешавад. Унсурии Балхӣ, шоири дарбори Ғазнавиён, мегӯяд:

“Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.”

"Душманони Сада"

Имрӯз касонеро бо гароишҳои мазҳабии ифротӣ метавон дид, ки мардумро аз баргузории ҷашнҳое чун Наврӯзу Меҳргон ва Сада наҳй мекунанд ва ин ҷашнҳоро расми кофарон медонанд. Чунин афроде дар гузашта ҳам кам набуданд, ки саъй дар решакан сохтани ин суннатҳо доштаанд.

Имом Ғаззолӣ, фақеҳ ва мутакаллими даврони салҷӯқӣ, дар китобаш ба номи “Кимиёи саодат” менивисад: “...Ончи барои Сада ва Наврӯз фурӯшанд, чун сипар ва шамшери чӯбин ва бӯқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габрон аст, ки мухолифи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд. Балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби Наврӯз ва қатоифи бисёр кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои Наврӯз нашояд, балки Наврӯзу Сада бояд, ки мундарис (маҳв) шавад ва касе номи он набарад...”

Аз ин даст гароишҳои мазҳабии ифротӣ ва тадобири сахтгиронаи зимомдорон дар давронҳои мухталиф боис шуда, ки бисёре аз ойинҳо ва суннатҳои бостонӣ ба дасти фаромушӣ супурда шаванд. Ҳаким Низомӣ дар достони “Искандарнома” аз суннатҳое мегӯяд, ки Искандари Мақдунӣ онҳоро мамнуъ кардааст.

“Сикандар чу кард он биноҳо хароб,
Равон кард ганҷе чу дарёи об.
Бар оташгаҳе, к-ӯ гузар доштӣ,
Бино кандӣ, он ганҷ бардоштӣ.”

Ба назар мерасад, ҳокимони бегона фақат қасди ғорат надоштаанд, балки мехостаанд фарҳангу ойинҳои эрониро комилан аз байн баранд. Чун бим доштаанд, ки ҳифзу тарвиҷи ин суннатҳо “мояи фитна” аст ва сайтараи фарҳангии бегона бар сарзаминҳои порсиёнро ботил хоҳад кард.

“Сари мояи гавҳарон”

Ҳамакнун ҳафт сол мешавад, ки ҷашни Сада дар феҳристи ҷашнҳои расмии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Соли 2017 дар нишасте хабарӣ аз вазири вақти фарҳанг, Шамсиддини Орумбекзода, пурсида будам, ки оё давлат қасди эҳёи ҷашнҳои Меҳргону Садаро дорад? Ӯ посухи мусбат дод, вале гуфт, ки Меҳргонро хуб медонад, аз ҷашни Сада чандон огоҳӣ надорад.

Он вақт иттилоотеро дар бораи ин ҷашн гирдоварӣ кардам ва ба вазорат фиристодам. Ҳафтае нагузашта буд, ки Вазорати фарҳанг аз баргузории ин ҷашн хабар дод ва бори аввал ин ҷашн дар сатҳе маҳдуд дар “Боғи Ирам” ё ҳамон парки гиёҳшиносии собиқ дар Душанбе баргузор шуд.

Акнун ҷашни Сада ба унвони як мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шинохта шуда ва давлатҳои Эрону Тоҷикистон ба ҳифзу густариши он камар бастаанд. Ин ҷашн дар миёнаи зимистон дар замони сармои сахт баргузор мешавад ва маросими аслии он иборат аз рақсу пойкӯбӣ даври оташ аст. Ин маросим навъе сипосгузорӣ аз табиат ё офаридгор барои ин неъмати беназир аст.

Оташ барои эрониён на танҳо манбаи гармию рӯшноӣ, балки нумоде аз тадовуми ҳаёт аст. Бавижа имрӯз зиндагии башар беш аз пеш ба таъмини энержӣ вобаста аст, ки бар пояи китоби Бундаҳишн, аз мазоҳир ё таҷаллиёти ҳамон оташ аст.

Ҷашни Сада барои ҳамагон хуҷаста бод!

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG