Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сӯиқасд" ё "амали террористӣ"? Боздошти 8 нафар дар Кӯлоб ВИДЕО


Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб “амали террористӣ” унвон шуда, дар пайванд бо он 8 нафар боздошт шудаанд.

Мақомот онҳоро ба терроризм ва даъвати оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ муттаҳам медонанд. Номи муттаҳамон ва назарашон ба айбнома маълум нест.

Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январи имсол дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид. Худаш маҷрӯҳ шудааст. Манобеи расмӣ дар аввал ҳодисаро "қасди куштор" гуфтанд.

Сӯиқасд ё амали террористӣ? Боздошти 8 нафар дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Дар Додситони минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки тафтиши парвандаро муфаттишони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ пеш мебаранд. “Ғайр аз ин ҷинояти содир кардаашон, амалиёти терористӣ, дигар ҷиноятҳояшон ҳам ошкор шуд,” – гуфт Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 30-юми январ.

Ӯ сабаби эълон накардани номи шахсони боздоштшударо ба муҳри “махфӣ” доштани парванда бастагӣ дод. Танҳо як ҷузъиёти парвандаро нақл кард, ки гуё боздоштшудаҳо “ин амалро бо дастури гуруҳҳои ифротӣ ба ҷо овардаанд”.

Иҷрокунандаи вазифиаи додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ҳамаи боздоштшудаҳо сокинони Кӯлобанд ва ин шаҳр маҳалли осебпазир дар баробари ифротгароӣ шумурда мешавад.

Парванди терроризм дар минтақаи Кӯлоб ба сари худ камсобиқа аст ва гуфта мешавад, маҳз он заминаи барканории гуруҳии сарони ниҳодҳои қудратии Хатлон шуд.

Сокинони Кӯлоб ва деҳоти атрофи он пурсуҷӯйҳои хона ба хонаро барои дарёфти маълумот дар бораи муҳоҷирон низ ба ҳодисаи ахир рабт медиҳанд. Додситонӣ ишора кард, ки бар иловаи ҳашт нафар шояд афроди аз ин бештар ҳам боздошт шаванд.

Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки мақомот ҳоло алайҳи ҳашт нафар барои тарконидани мошини як раҳбари маҳаллиаш парванда боз кардаанд, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст.

Раҳбари ин ҳизб президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб ҳастанд ва бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG