Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.
25-уми январ бозиҳои даври охирин дар гурӯҳҳои “Е” ва “F” барпо гардиданд.
Дар гурӯҳи “Е” мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бозиро бо Малайзия бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод. Дар бозии дигар Баҳрайн бар Урдун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар ин гурӯҳ мунтахаби Баҳрайн бо касби 6 имтиёз ғолиб гардид. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 5 имтиёз дуюм шуд. Ҳарду даста ба 1/8 финал роҳ ёфт.
Урдун бо касби 4 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт ва ба плей-офф баромад. Малайзия бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.
Дар гурӯҳи “F” мунтахаби Қирғизистон бозиро бо Умон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Бозии дигар миёни дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Тайланд бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.
Дар ин гурӯҳ мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 7 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гардид. Тайланд бо касби 5 имтиёз дуюм шуд. Ҳарду даста ба 1/8 финал роҳ ёфт.
Умон бо касби 2 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт. Қирғизистон бо касби як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия ва Узбекистон (“В”), Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“С”), Ироқ ва Ҷопон (“D”), Баҳрайн ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ ва Тайланд (“F”) ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.
Инчунин аз байни дастаҳои ҷойҳои сеюм, ки нишондодҳои хубтар доранд, чаҳор даста - Урдун аз гурӯҳи “Е” (4 имтиёз, таносуби тӯбҳо 6-3), Фаластин аз гурӯҳи “С” (4 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 5-5), Сурия аз гурӯҳи “В” (4 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 1-1) ва Индонезия аз гурӯҳи “D” (3 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 3-6) ба ҳаққи ширкат дар 1/8 финал мушарраф шуданд.
Вале ҳашт дастаи мунтахаб – Чин, Лубнон, Ҳиндустон, Ҳонконг, Ветнам, Малайзия, Умон ва Қирғизистон – аз ҳаққи иштирок дар даври 1/8-ниҳоӣ маҳрум гаштанд.
Ҷуфтҳои 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023:
Тоҷикистон — Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Австралия — Индонезия
Ироқ — Урдун
Қатар — Фаластин
Арабистони Саудӣ — Кореяи Ҷанубӣ
Узбекистон — Тайланд
Эрон — Сурия
Баҳрайн — Ҷопон
Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 4 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт, ба плей-офф роҳ ёфт.
Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи якшанбеи 28-уми январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Доҳа соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Дар сурати ба даври чорякниҳоӣ баромадан, мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал бо ғолиби ҷуфти Ироқ - Урдун рақобат хоҳад кард.
Ҷоми Осиё-2023
25-уми январ (панҷшанбе)
Гурӯҳи “E”
Ҷумҳурии Корея – Малайзия - 3:3, Ал-Вакра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб.
Урдун – Баҳрайн – 0:1, Ар-Райян, варзишгоҳи Халифа.
Гурӯҳи “F”
Арабистони Саудӣ – Тайланд – 0:0, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити.
Қирғизистон – Умон – 1:1, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа.
1/8 ФИНАЛ
28-уми январ (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 21:00
Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Доҳа, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
Австралия – Индонезия. 16:30
29-уми январ (душанбе)
Ироқ – Урдун. 16:30
Қатар – Фаластин. 21:00
30-юми январ (сешанбе)
Узбекистон – Тайланд. 16:30
Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ. 21:00
31-уми январ (чоршанбе)
Баҳрайн – Ҷопон. 16:30
Эрон – Сурия. 21:00
1/4 ФИНАЛ
2-юми феврал
Бозии аввал, 16:30
Бозии дуюм, 20:30
3-юми феврал
Бозии 3-юм, 16:30
Бозии 4-ум, 20:30
НИМФИНАЛ
6-уми феврал, 20:00
7-уми феврал, 20:00
ФИНАЛ
10-уми феврал, 20:00
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.
Гуфтугӯ