Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-Прии Португол иштироки беш аз 640 варзишгар аз 92 кишвар дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт паҳлавон дар рақобатҳо миёни мардон ва як нафар миёни занон намояндагӣ мекунанд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Умедҷон Раҷабов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100 кг) дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова (-52 кг) дар сабқати занон рақобат хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
26-уми январ (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
27-уми январ (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
28-уми январ (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дод ва дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.
Соли 2022 бошад, дар Гран-Прии Португол Комроншоҳи Устопириён, ки ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд, дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Гуфтугӯ