Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши калонтарини НАТО аз замони Ҷанги сард оғоз шуд


Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи 24-уми январ размоиши калонтарини худро аз замони Ҷанги сард шурӯъ кард. Дар ин размоиш беш аз 90 ҳазор нерӯи кишварҳои узви паймон иштирок доранд. Размоиш то моҳи май идома хоҳад кард.

Размоиши "Мудофеи собитқадам-2024" дар ростои ҳифзи омодагиҳои дифоии кишварҳои ғарбӣ дар муқобили ҷанги эҳтимолии Русия тарроҳӣ шудааст.

Генерал Крис Каволи, фармондеҳи олии нерӯҳои НАТО дар Аврупо гуфт, "эътилоф (НАТО) қудрати худро барои ҳузур дар минтақаи Авро-Атлантик аз тариқи ҳаракати фароатлантикии нерӯҳо аз Амрикои Шимолӣ ба намоиш хоҳад гузошт".

Ӯ афзуд, "ин размоиш намоиши ошкоре аз иттиҳод, қудрат ва азми мо барои муҳофизат аз якдигар ва арзишҳоямон аст".

Ин размоиш аз маҷмӯае аз тамринҳои хурдтар ташкил шудааст, ки аз Амрикои Шимолӣ гирифта то наздикии марзи Русия баргузор хоҳад шуд.

Тибқи гузоришҳо, ҳудуди 50 киштии ҷангӣ, 80 ҳавопаймои ҷангӣ ва беш аз 1100 мошини зиреҳӣ дар размоиш иштирок хоҳанд дошт.

Ин размоиш калонтарин размоише аст, ки аз соли 1988 ба ин тараф баргузор мешавад. Дар размоиши "Рефонгер" дар соли 1988 ҳудуди 125 ҳазор низомӣ ширкат дошт.

НАТО дар баёнияи худ ишорае ба номи Русия накардааст. Аммо дар санади роҳбурдии аслии он аз Русия ба унвони муҳимтарин таҳдид алайҳи амнияти аъзои ин паймон ёд кардааст.

Ин размоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки Русия бо ҳамла ба Украина бахшҳое аз хоки ин кишварро тасарруф кардаст.

Ин дар ҳоле аст, ки Александр Грушко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, шакли размоиши нави НАТО нишондиҳандаи бозгашт ба нусха ё намунаи Ҷанги сард аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG