Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон идома дорад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе ҷараён дорад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ҷаласа рӯзи 24-уми январ дар Дастгоҳи иҷроияи президент шуруъ шуд.

"Теъдоди низомиён дар атрофи бино истодаанд," -- гуфт ӯ.

Дафтари матбуоти президент хабари баргузории ҷаласаро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод.

Хабарнигорони расонаҳои мустақил ба маҷлиси солона даъват нашудаанд.

Ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷаласа раҳбарони шарҳу ноҳияҳо, вазорату идораҳои дигари давлатӣ, сарварони донишгоҳҳо ва бонкҳои кишвар ширкат доранд.

Дар назар аст, аз кори ҳукумат дар соли 2023 натиҷагирӣ карда, нақшаву барномаҳоро барои соли 2024 баррасӣ кунанд.

Дар гузашта дар ҷараёни маҷлиси солонаи ҳукумат баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG