Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш моҳ гузашт. Истгоҳҳои нақлиётии Кӯлобро кӣ месозад? ВИДЕО


Дар шаҳри Кӯлоб бисёр сокиноне, ки аз субҳи барвақт аз паи кору ташвиши худ мешаванд, бо мушкили набуди истгоҳҳои маданӣ барои нақлиёти мусофирбар рӯбарӯ мешаванд.

Ҳанӯз чор сол пеш аксар истгоҳҳо вуҷуд доштанд, вале бо амри раиси вақти шаҳр бо мақсади навсозӣ хароб карда шуданд. Раҳбарони баъдӣ дар ҳар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ваъда медиҳанд, ки масъалаи сохтмони истгоҳҳои нав ҳал мешавад.

Аз ҷумла, Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, тарҳи истгоҳҳои навро сармеъмори шаҳр тасдиқ кардааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

“Истгоҳҳое, ки ба талаботи замона ҷавобгӯ ҳастанд, аз тарафи сармеъмори шаҳр пешниҳод шудааст, лоиҳа тасдиқ шудааст ва ба ҳамон соҳибкороне, ки майли сохтмони онҳоро доранд, мо пеш аз ҳама гуфтем, ки ҳамонҳо созанд. Аллакай даҳто истгоҳ тибқи муқарарот пешниҳод шудааст ва рӯзҳои наздик ба сохтмон шурӯъ мекунанд.”

Вале маълум нест, ки ваъдаи сохтани истгоҳ аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ кай иҷро мешавад.

Кай дар Кӯлоб истгоҳҳои нақлиёт барқарор мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG