Дар паи таҳдиди эҳтимоли ҳамлаи террористӣ ва бесуботӣ дар остонаи интихоботи миллӣ дар Покистон рӯзи 22 январ мактабу донишгоҳҳо баста шуданд.
Манбаъҳо ба хабаргузории dpa гуфтанд, ки мушаххасан се донишгоҳи маҳаллӣ, ки аз ҷониби низомиён идора мешаванд, таҳдид гирифтанд.
Мӯҳлати баста шудани донишгоҳҳо мушаххас нест. Дар Покистон 8 феврал интихоботи сартосарӣ баргузор мешавад ва дар чанд моҳи ахир дар ин кишвар афзоиши хушунатҳо бо ширкати ҷангҷӯёни исломӣ мушоҳида шудааст.
Бархе сиёсатмадорони ширкатдори интихобот бо нигарониҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.