Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил бомбборони Ғаззаро сахттар кардааст


Исроил рӯзи 19-уми январ ҳам шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғаззаро сахт бомбборон кард.
Исроил рӯзи 19-уми январ ҳам шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғаззаро сахт бомбборон кард.

Исроил рӯзи шанбе ҳамлаҳо ба ҷануби Навори Ғаззаро саххтар кард ва як рӯз баъд аз онки нахуствазир Бенямин Нетаняҳу ва Ҷо Байден доир ба ихтилофи назарашон дар бораи ояндаи фаластиниён суҳбат карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, неруҳои Исроил дигарбора шаҳри Хон Юнус бузургтарин шаҳри таҳти назорати гуруҳи Ҳамос дар ҷануби Ғаззаро бомборон кардаанд. Айни замон расонаҳои фаластинӣ аз ҳамлаҳои сахт ба Ҷабалия шаҳре дар шимоли Ғазза гузориш додаанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу рӯзи ҷумъа, 19-уми январ сӯҳбат доштанд ва баъди онки нахуствазири Исроил гуфт, ба таъсиси ҳеч гуна кишвари мустақили фаластиниён ризоият намедиҳад. Мавқеи Амрико баръакси ин гуфта аст ва ихтилофоти назари ду тарафро, як аломате аз амиқтар рафтани ихтилоф байни ду ҳампаймони наздик медоданд.

Ҷанги Ғазза баъд аз он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла карда, тақрибан 1200 исроилиро куштанд ва бештар аз 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил то кунун, ба гуфтаи мақомоти Ғазза, тақрибан 25 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки 70 дар сади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG